Ссылки доступа

Зодаҳои Қирғизистон хоҳиш доранд, онҳоро аз зиндонҳои Ироқ ба ватанашон оранд


Даҳҳо зани қирғизистонӣ, ки дар зиндонҳои Ироқ ҳастанд, тавассути бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз мақомоти Қирғизистон хостанд, ки онҳоро ба ватанашон баранд.

Занони қирғизистонӣ гуфтанд, аз соли 2017 дар зиндон ҳастанд. Калонсолтарини онҳо 65 сол дорад ва хурдтаринашон 20 сол. Бархе аз онҳо 10-20 сол ва бархеи дигар якумрӣ зиндонӣ шудаанд. "Бисёре аз мо ҳамроҳи шавҳаронамон солҳои 2014-2015 ба Сурияву Ироқ омада будем. Бархеҳо модар ҳастанд, ки ба дунболи писаронашон ба инҷо омадаанд. Ҳамаи ин занҳо таҳсилнодида ҳастанд, ки бо роҳҳои фиреб ба дом афтодаанд", - гуфтанд занони зиндонӣ.

Зиндони занона дар ноҳияи Ал-Русафаи шаҳри Бағдоди Ироқ ҷойгир аст. Дар он зиндон асосан занонеро нигаҳдорӣ мекунанд, ки дар тундгароӣ ва терроризм айбдор шудаанд.

Хабаргузории Reuters 19 марти соли 2021 хабар дода буд, ки дар он зиндон 494 зани хориҷӣ нигаҳдорӣ мешавад. Он занон шаҳрвандони 18 кишвар, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд.

Пештар мақомоти Қирғизистон гуфта буданд, барои баргардонии шаҳрвандонашон аз Ироқ талош доранд.

Моҳи марти соли 2021 дар доираи маъмурияти "Мээрим" 79 кӯдаки қирғизистониро аз Ироқ ба Қирғизистон оварда буданд. Як навбати дигар 18 зан ва 41 кӯдакро аз Ироқ ба Қирғизистон оварданд.

Бархе аз манобеъ гуфтанд, айни замон дар зиндонҳои Ироқу Сурия 42 зани қирғизистонӣ зиндонӣ ҳастанд.

Ба иттилои мақомоти қудратии Қирғизистон, 850 шаҳрванди Қирғизистон ба минтақаҳои дар ҳоли ҷанги Сурия рафтаанд. Аз он теъдод 150 нафар кушта шудааст. Мақомот хабар дода буданд, ки миёни шаҳрвандони ба Сурия рафта наздики 140 зан низ ҳаст.

XS
SM
MD
LG