Ссылки доступа

Узбекистону Қирғизистон тасмим доранд, анбори зеризаминии гази "Сӯхи Шимолӣ"-ро барқарор кунанд


Гуруҳҳои кории аз сӯи ҳукуматҳои Узбекистон Қирғизистон ташкилшуда нахустин ҷаласаи барқарорсозии анбори зеризаминиро барои газ дар ноҳияи Қадамҷойи вилояти Бодканд баргузор карданд. Дар ин бора "Узтрансгаз" хабар дод.

Дар ин мулоқот, ки рӯзи 10 апрел баргузор шуд, коршиносони вазоратҳои энержии ду кишвар харитаи роҳи барқарорсозии анборро баррасӣ карданд.

Журабек Мирзомаҳмудов, вазири энержии Узбекистон пештар гуфта буд, ки анбори мазкур ғунҷоиши 2,5-3 млрд метри мукааб газро дорад. Дар натиҷаи истифодаи муштараки анбори мазкур Узбекистон метавонад, ки дар мавсими зимистон ба водии Фарғона 13 млн метри мукааб газ фиристад.

Ин анбори зеризамини соли 1976 сохта шудааст. Дертар ҳудуди анбори мазкур боиси баҳси ду кишвар гардид. Қисмати асосии анбор дар ҳудуди Қирғизистон ва компрессорҳо дар ҳудуди Узбекистон.

Вазорати энержии Қирғизистон дар робита ба мулоқоти ахири ду ҷониб хабаре нашр накардааст.

XS
SM
MD
LG