Ссылки доступа

Бишкеку Москва ба таъсиси низоми ягонаи зиддиҳавоӣ омодагӣ мебинанд


Ҳукумати Русия созишнома дар бораи таъсиси низоми минтақавии ягонаи зиддиҳавоӣ бо Қирғизистонро ба тасвиб расонд. Ин санадро вазирони дифои ду кишвар соли гузашта имзо карда буданд.

Қарори ҳукумати Русия дар бораи таъсиси низоми муштараки минтақавии зиддиҳавоӣ бо Қирғизистон дар сомонаи иттилои ҳуқуқии Русия нашр шудааст. Ин санадро раиси Девони вазирони Русия Михаил Мишустин имзо кардааст.

Баъди нашри ин хабар расонаҳо иттилоъ доданд, ки раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов 10 апрел бо ҳамтои русаш Владимир Путин телефонӣ суҳбат кардааст.

Хадамоти матбуотии Ҷабборов иттилоъ дод, ки "раҳбарони ду кишвар "масъалаҳои мубрами шарикӣ, ҳампаймонии стратегии Қирғизистону Русия ва ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва иттиҳоди ҳамгироиро баррасӣ кардаанд".

Путин 8 июли соли 2022 фармон дар бораи омода кардани созишнома миёни Русия ва Қирғизистон дар бораи таъсиси низоми муштараки зиддиҳавоиро имзо карда буд. Вазири дифои Қирғизистон Бактибек Бекболотов дар ҷараёни сафараш ба Москва дар рӯзҳои 15-16 августи соли гузашта бо ҳамтои руси худ Сергей Шойгу созишномаро имзо кард.

XS
SM
MD
LG