Ссылки доступа

Ҳукумати Туркманистон аз як ширкати маҳаллӣ беш аз $7 млн қарздор шудааст


Хаймаи сафед
Хаймаи сафед

Мақомоти Туркманистон то ҳол бо ширкати сохтмонии маҳаллие, ки ду соли пеш дар Туркманобод "Хаймаи сафед" (Қасри сафеди туркманӣ)-ро сохтааст, ба тавофуқи ниҳоӣ нарасидаанд.

"Қасри сафед тақрибан ду сол пеш ботантана ба истифода дода шуд, вале ҳукумати Туркманистон то ҳол харҷи бунёди онро ба ширкати сохтмонии "Аяайп Довур", ки иншоотро сохт, пурра пардохт накардааст. Ҳукумат беш аз 7 млн доллар қарздор аст", - гуфт манбаи огаҳ аз қазия ба шарти ифшо нашудани номаш.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати бахши туркмании Радиои Озодӣ, харҷи умумии бунёди "Қасри сафед" тибқи қурби расмӣ, 61 миллиону 420 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

"Бар асоси қарордод, ин маблағ бояд баъди ба истифода додани иншоот дар давоми 90 рӯз пардохт мешуд ва ширкат дар навбати худ вазифадор буд, тамоми нуқсонҳое, ки дар иншоот давоми ду сол ба миён меоянд, рафъ кунад", - изҳор дошт манбаъ.

Сохтмони “Қасри сафед” дар аввали соли 2019 бо фармони раисиҷумҳури Туркманистон оғоз шуда, 23 июни соли 2021 ба анҷом расид. Иншоот, ки дорои 3000 ҷойи нишаст мебошад, бо иштироки Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури вақти Туркманистон ба истифода дода шуд.

XS
SM
MD
LG