Ссылки доступа

Намояндагони 7 кишвар дар Самарқанд вазъи Афғонистонро баррасӣ мекунанд


Имрӯз дар шаҳри Самарқанд нишасти дурӯзаи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Чин, Покистон, Эрон, Туркманистон, Русия ва Узбекистон дар мавриди Афғонистон оғоз меёбад.

Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар Самарқанд дар се нишасте, ки онҷо баргузор мешавад, иштирок мекунад.

Гузориш шудааст, ки Ҳино Раббонӣ Кҳар, вазири давлати Покистон дар умури хориҷӣ, Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, Қин Ганг, вазири хориҷии Чин аз кишварҳояшон намояндагӣ хоҳанд кард. Расонаҳои эронӣ навиштанд, ки Ҳусейн Абдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии Эрон ҳам озими Самарқанд шудааст.

Мумтоз Заҳро Балуч, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Покистон рӯзи чаҳоршанбе дар баёнияе гуфт, ки нишасти Самарқанд дар эҷоди иҷмоъ байни кишварҳое, ки ба гуфтааш, дар вазъияти Афғонистон мустақиман дахил мебошанд, кӯмак мекунад.

Вазорати корҳои хориҷии Чин як рӯз пеш аз ин нишаст дар хабарномае таъкид кард, ки Пекин дар умури дохилии Афғонистон дахолат намекунад ва аз як ҳукумати миёнарав дар Афғонистон пуштибонӣ менамояд.

Дар эъломия омадааст, ки Чин мехоҳад Афғонистон як сохтори сиёсии ҳамашумул ва озод дошта бошад, сиёсати дохилӣ ва хориҷии муътадилро пеш гирад ва робитаи дӯстона бо ҳамсоягон ва дигар кишварҳои ҷаҳонро ҷустуҷӯ кунад. Ин вазорат ибрози умедворӣ кардааст, ки ҳукумати Толибон ҳуқуқи асосии ҳамаи афғонҳоро таъмин кунад ва манофеи афғонҳо ва ҷаҳонро дар назар бигирад.

Толибон дар моҳи августи соли 2021 пас аз фирори президент Ашраф Ғанӣ вориди Кобул шуданд ва дигарбора қудратро ба даст гирифтанд.

Дар ин миён, ҳукумати Толибон ба ҷуз Тоҷикистон тақрибан бо ҳамаи ҳамсояҳои Афғонистон дипломатҳои худро фиристод ва шуморе аз ин кишварҳо сафоратҳо ва консулгариҳои Афғонистонро ба намояндагони ин гурӯҳ супурданд.

Мухолифони Толибон бо нашри як нома аз кишварҳои ширкаткунанда дар нишасти Самарқанд хостаанд ба Толибон фишор оваранд. Шӯрои муқовимат, ки чеҳраҳое чун Атомуҳаммади Нур, Абдурашид Дӯстум ва Юнус Қонунӣ аъзои он ҳастанд, дар берун таъсис шудааст. Ин шӯро дар номаи худ Толибонро "таҳдиди ҷаҳонӣ" хонда, аз ин кишварҳо барои аз байн бурдани Толибон кӯмак хостааст.

Ҳаниф Атмар, вазири корҳои хориҷии ҳукумати Ашраф Ғанӣ ҳам ба намояндагӣ аз ҷараёни сиёсии "Ҳаракати миллии сулҳ ва адолат" рӯзи чаҳоршанбе дар номаи боз ба вазирони корҳои кишварҳои ҳамсоя ва Русия хостааст, ки барои оғози музокироти байни афғонҳо кӯмак кунанд.

Нишасти Самарқанд силсилаи нишастҳое аст, ки пас аз дигарбора ба сари қудрат омадани Толибон бар Афғонистон дар 15 августи соли 2021, оғоз шуд. Нишасти нахуст дар моҳи сентябри соли 2021 дар Покистон, нишасти дувум дар моҳи ноябри ҳамон сол дар Эрон ва нишасти севум ҳам дар моҳи марти соли 2022 дар Чин баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG