Ссылки доступа

Дар Туркманистон наздики 122 ҳазор домени интернетиро бастаанд


Иллюстративное фото 
Иллюстративное фото 

Мутахассисони гуруҳи пажуҳишӣ дар умури технологияҳои интернетӣ аз донишгоҳҳои амрикоии Чикаго ва Мэриленд мегӯянд, дар Туркманистон бештар аз 122 ҳазор домени интернетӣ баста шудааст. Дар бораи ин пажуҳиш нашрияи "Global Voices" хабар медиҳад.

Пажуҳиш, ки аз соли 2021 то 2022 сурат гирифтааст, миқёси сензураи интернетро дар Туркманистон нишон медиҳад. Пажуҳишгарон аз мутахассисони дохили Туркманистон кӯмак нагирифта, балки тавассути барномаҳои мухталиф мустақилона бештар аз 15 млн домен ё суроғаи интернетиро дар Туркманистон санҷидаанд. Дар натиҷа муайян кардаанд, ки зиёда аз 122 ҳазор доменро дар Туркманистон бастаанд.

Мақомоти Туркманистон мегӯянд, танҳо он манобеи иттилоотиеро масдуд мекунанд, ки хилофи меъёрҳои ахлоқии миллӣ, аз ҷумла таблиғоти фаҳшо ва терроризм ҳастанд. Аммо пажуҳиши ахир нишон додааст, ки 75 дарсади доменҳои дар Туркманистон масдудшуда сомонаҳои хабарӣ, саҳифаҳои саргармӣ, сомонаҳои ҷусторӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва манобеи ба онҳо монанд ҳастанд.

Ин дар ҳолест, ки Чин бо 1,5 млрд аҳолӣ ҳамагӣ наздики 300 ҳазор суроғаи интернетиро масдуд кардааст.

Созмони байналхалқии "Хабарнигорони бидуни марз" дар соли 2016 бори аввал Туркманистонро дар рӯйхати "душманони интернет" ҷо карда буд.

Ба илова, Туркманистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки гаронтарин ва бесифаттарин интернетро дорад.

XS
SM
MD
LG