Мушкили интиқоли пул аз Туркманистон ба хориҷ ба далели талаботи нави бонкҳои маҳаллӣ ба миён омадааст.
Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло бонкҳои Туркманистон ҳангоми фиристодани пул ҳуҷҷатҳои аслии донишҷӯёнеро талаб мекунанд, ки ба номи онҳо ба хориҷ маблағ интиқол дода мешавад.
"Дар бонкҳо, бахусус "Сенагат банк" талаб карданд, ки нусхаи аслии шаҳодатномаи таваллуд ва шиносномаи дохилии донишҷӯйро пешниҳод кунем. Гуфтанд, дар сурати ғайр пулро намефиристанд", - иттилоъ дод хабарнигори радио дар шаҳри Ишқободи Туркманистон.
Масъулони бонкҳо ба волидону пайвандони донишҷӯён гуфтаанд, дар ин бора "аз боло" шифоҳӣ дастур гирифтаанд. Мақомоти Туркманистон ин иқдоми худро шарҳ намедиҳанд.