Ссылки доступа

Нафткашҳои норозии Қазоқистон гуфтанд, дубора таҷаммуъ мекунанд, агар...


Нафткашҳои норозии Қазоқистон гуфтанд, агар мушкили бекории онҳо мусбат ҳал нашавад, омодаанд, ба шаҳри Остона баргашта, дубора даст ба тазоҳурот зананд.

Онҳо, ки феълан дар дохили қатораи самти Мангистау қарор доранд, дар яке аз истгоҳҳо ба унвонии ҳукумати Қазоқистон муроҷиатномаеро сабт карданд.

"Баъди ваъдаҳои шумо, ки масъалаи моро мусбат ҳал мекунед, мо, як гурӯҳи бекорон ба роҳ баромадем. Аз субҳи 12 апрел, беш аз як руз мешавад, дар роҳем. Аммо ба далели он ки то ҳол хабаре аз ҳалли мусбати мушкили мо нест, мо омодаем дертар ба Остона баргардем. Сафари мо ба Мангистау 14 апрел ба поён мерасад. Агар то он замон ягон қарор қабул нашавад, мо омодаем ба Остона баргардем. Бигузор, талаби мо иҷро шавад", - гуфтанд нафткашҳо дар муроҷиати худ.

Қарор буд, 13 апрел 10 намояндаи эътирозгарон бо масъулони ширкати нафти "КазМунайГаз"-и Қазоқистон мулоқот ва гуфтугӯ кунанд. Вале дар бораи натиҷаи ин гуфтугӯ иттилое нашр нашуд. Коргарон гуфтанд, ба созише нарасиданд ва эҳсос мекунанд, ки фиреб хӯрдаанд.

Шоми 11-уми апрел дар Остона аз автобусҳое, ки дар назди бинои Вазорати энержӣ ҷамъ шуда буданд, нерӯҳои вижа ё СОБР берун омада, нафткашҳои эътирозгарро иҳота карданд.

Кормандони ширкати нафти "БерАли Мангистау Company" бо талаби кори доимӣ ҷамъ омада буданд. Гурӯҳе боздошт шуда, бархе бо тамоми қувва талош карданд, ҳамкорони худро аз дасти низомиён озод кунанд.

Ин боздоштҳо боиси даст ба тазоҳурот задани сокинон дар Жанаозен шуданд. Дар натиҷа рӯзи 12-уми апрел нафткашҳои боздоштшударо раҳо карданд. Дертар онҳо дар як навор дар Роҳи Оҳани Остона зоҳир шуданд.

XS
SM
MD
LG