Ссылки доступа

Созиши ҳамсояҳои Афғонистон дар бораи тарҳои муштарак


Кишварҳои ҳамсояи Афғонистон омодагии худро барои ширкат дар лоиҳаҳои зербиноӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ин кишвар баён кардаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон иттилоъ дод, ки дар нишаст вазири умури хориҷии Афғонистон низ суханронӣ кардааст.

Нишасти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Чин, Покистон, Эрон, Туркманистон, Русия ва Узбекистон дар мавриди Афғонистон дар шаҳри Самарқанд баргузор шуд. Нишаст таҳти раҳбарии Узбекистон баргузор гашт.

Муовини сухангӯи Вазорати умури хориҷии Афғонистон Ҳафиз Зиё Аҳмад гуфт, дар нишаст вазири умури хориҷии ҳукумати муваққати ин кишвар Амирхон Муттақӣ ва намояндагони гуруҳи Толибон ширкат доштанд.

Ҷонибҳо дар мулоқот вазъи кунунии Афғонистон, иҷрои талаботи асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ – таъсиси ҳукумати фарогир, таъмини дастрасии занони афғон ба кору таҳсил, эҳтироми онҳо аз ҷониби мақомоти кунунии ин кишвар ва риояи ҳуқуқи ақалиятҳои миллиро баррасӣ карданд.

Нишасти Самарқанд силсилаи нишастҳое аст, ки пас аз дигарбора ба сари қудрат омадани Толибон бар Афғонистон дар 15 августи соли 2021, оғоз шуд. Нишасти нахуст дар моҳи сентябри соли 2021 дар Покистон, нишасти дувум дар моҳи ноябри ҳамон сол дар Эрон ва нишасти севум ҳам дар моҳи марти соли 2022 дар Чин баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG