Ссылки доступа

"Гуфтам, азоб надиҳед". Ҷавони мубталои ВИЧ-ро маҷбурӣ ба комиссариати ҳарбӣ бурдаанд


Мусоҳиби мо гуфт, аз тарси "сарбозшикор" бисёр вақт аз хона намебарояд
Мусоҳиби мо гуфт, аз тарси "сарбозшикор" бисёр вақт аз хона намебарояд

Як ҷавони мубталои ВИЧ, вируси норасоии масунияти бадан, мегӯяд, се дафъа ӯро маҷбурӣ ба комиссариати ҳарбӣ бурда, танҳо баъд аз исботи беморияш дар ҳузури ҳама раҳо карданд. Як маъмури комиссариат гуфт, "дар пешонии ҷавонон чӣ бемор будани онҳо навишта нашудааст". Ҳуқуқдон мегӯяд, ифшои сирри гирифторони ВИЧ мувофиқи қонун ҷазо дорад.

Ҷавоне, ки Радиои Озодӣ наметавонад ному насаб ва суроғаашро фош кунад, гуфт, аз тарси “облава” ё “сарбозшикор” метарсад, ба кӯча барояд. Қонун даъвати ҷавононеро ба мисли ӯ (гирифтори ВИЧ) ба артиш манъ кардааст.

“Бори сеюм аст, ки маро маҷбурӣ ба комиссариати ҳарбӣ мебаранд. Дар онҷо ба бемор буданам бовар накарда, талаб мекунанд, аз ташхис гузарам,” – нақл кард ӯ рӯзи 12-уми апрел.

Қаҳрамони гузориши мо мегӯяд, дар аввали ҳамин ҳафта ӯро аз назди Бемористони Қарияи Болои Душанбе дастгир карда, ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсӣ бурдаанд. Ҷавон афзуд, дар комиссариати ҳарбӣ бовар накарданд, ки ӯ гирифтори вируси норасоии масунияти бадан аст.

“Пурсиданд, ки чӣ беморӣ дорӣ? Гуфтам, ошкор кардан намехоҳам. Дағалона муомила карда, дашном доданд, ба иззати нафсам расиданд. Баъд як нафарро оварданд, ки пештар дар маркази кор бо гирифторони ВИЧ фаъолият доштааст. Гуфтам, ба маркази тиббии макони зисти ман занг зада пурсед. Хоҳиш кардам, маро азоб надиҳед, ман ҳам зиндагӣ дорам,” – нақл кард ӯ.

"Сарбозшикор"-и як ҷавони мубталои ВИЧ
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:06:08 0:00

Ҷавони ҳамсуҳбати мо чаҳор сол пеш дар Русия ба вирус мубтало шуд. Хонаводааш аз бемор будани ӯ хабар надоштаанд. Мегӯяд, бархӯрди номуносиби ҷомеаи Тоҷикистон ӯро водор кард, бемориашро пинҳон дорад. Барои ҳамин, чанд бор аз додани ташхис дар комиссариатҳо худдорӣ кард, вале ба гуфтаи худаш, “аз таҳқир дар бораи бемориаш халосӣ надорад”.

Ин ҷавон иддао дорад, ки аввали ҳафта ӯро ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсӣ бурдаанд. Мизҳои ҳарбии ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Синои Душанбе дар наздикии ҳам ҷойгир шудаанд. Мо барои гирифтани шарҳи расмӣ ба ин ду комиссариат муроҷиат кардем.

Дар комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсӣ аз шарҳи масъала худдорӣ карда, гуфтанд, қазияро аз Вазорати мудофиа пурсем. Дар дафтари матбуоти Вазорати мудофиа ҳам ба суолҳои мо посух надоданд.

Як масъули Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино дар суҳбати бидуни микрофон гуфт, “дар пешонии ҷавонон навишта нашудааст, ки онҳо гирифторӣ кадом беморӣ ҳастанд. Вақте онҳоро ба комиссариат оварда ташхис мекунанд, агар воқеан бемор бошанд, ҷавоб медиҳанд.”

Дилрабо Самадова ва ҳамкоронаш дар Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ чанд сол боз ба ҳимоя аз ҳуқуқи даъватшавадаҳо ва сарбозон машғуланд, аммо “облава”-и ҷавони гирифтори ВИЧ ҳодисаи нав будааст.

Ҳуқуқдон Дилрабо Самадова мегӯяд, роҳи ҳалли масъала ин аст, ки ҷавонон баробари расидан ба синни даъват аз ташхиси лозимӣ гузашта, ҳуҷҷати бемориро ба комиссариати ҷойи зист пешниҳод кунанд. Дар ин сурат, ба гуфтаи Дилрабо Самадова, шахсро аз рӯйхати даъватшавандаҳо мебароранд.

Ӯ афзуд, дар сурати аз кӯча дошта ба комиссариат бурдани ҷавони гирифтори ВИЧ, набояд дар ҳузури ҳама бемориашро эълон кунанд. “Беҳтар аст, ба комиссариати ҳарбии ҷойи зист ё ба маркази саломатӣ занг зада, дар бораи ҷавон пурсанд. Ошкор кардани сирри тиббии шахсони гирифтори ВИЧ мувофиқи Кодекси ҷиноӣ ҷавобгарӣ дорад.”

Дар Тоҷикистон ҳудуди чордаҳ ҳазор мубталои вируси норасоии масунияти одам сабт шудааст. Ин вирус бадани одамро заиф мекунад, вале агар гирифтори ВИЧ зери назорати пизишкон амал кунад, солҳо зиндагӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG