Ссылки доступа

“Мисли салафиҳо ва монеи таҳсили духтараш буд.” Ҳукми домулло Абдулҳаннонро шарҳ доданд


Абдулханнон Усмонов
Абдулханнон Усмонов

Додситонии вилояти Хатлон ҷузъиёти ҳукми Абдулҳаннон Усмонов, рӯҳонии 51-соларо шарҳ додааст. Исми ин домулло пас аз нашри навори монеъ шуданаш ба рақсу суруд дар тӯйи бародарзодааш расонаӣ шуд.

Ба иттилои Додситонӣ ӯ дар пайравӣ ба равияи дар Тоҷикистон мамнӯъи Салафия ва монеъ шудан ба таҳсили духтари наврасаш айбдор шудааст.

Варқа Зайниддин, ёвари калони додситони вилояти Хатлон дар як суҳбати ихтисосӣбо рӯзномаи вилоятии "Хатлон" рӯзи 15-уми апрел гуфтааст, Абдулҳаннон Усмонов, дар пайрави ба ақидаҳои салафӣ, мисли тарафдорони ин равия намоз хонда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ “бо номи мустаор” наворҳои дорои мӯҳтавои ифротгароёнаро нашру паҳн мекардааст.

Ба иттилои Додситонӣ, Абдулҳанон Усмонов хилофи моддаи 41-и сарқонуни Тоҷикистон, монеи таҳсили ҳатмии духтари наврасаш шудааст. Духтари рӯҳонӣ, ба гуфтаи додситон, Варқа Зайниддин “бояд солҳои 2014-2015 ба мактаб мерафт, аммо аз таҳсил дур мондааст”

Назари худи рӯҳонӣ ва наздикони ӯ ба ин иттиҳомот маълум нест. Саидҷаббор Алиев, вакили дифои Домулло Абдулҳаннон, рӯзи 14-уми апрел дар шарҳи қазияи зерҳимояаш ба Радиои Озодӣ гуфт, “Ӯ наворҳои мамнӯъро дидаву паҳн кардааст.”

Додгоҳи Вилояти Хатлон, руҳонӣ Абдулҳаннон Усмоновро бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ, 307, иловаи 3 қисми 2, яъне "даъват ба ифротгароӣ” ва 164 (монеъ шудан ба таҳсили ҳатмӣ) гунаҳкор дониста, ӯро ба 6 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст.

Абдулҳаннон Усмонов, моҳи январ пас аз нашри навори тӯйи бародарзодааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт шуд. Дар навор ӯ монеи рақсу сурудхонӣ шуда, бо лаҳни тунд меҳмононро меронад.

Додситон Варқа Зайниддин дар сӯҳбаташ бо Рӯзномаи Хатлон гуфтааст, Аблдулҳаннон Усмонов “баргузории базму мусиқиро дар тўй ҳаром шуморида, асбоби садобаландкунандаи овозхонро чаппа ва тӯйро пурра манъ кардааст”.

Ин навор хашми корбаронро барангехт. Бисёриҳо рафтори ӯро танқид карданд. Дертар руҳонӣ дар як навори ВКД зоҳир шуда гуфт, барои беэҳтиромӣ аз ҷомеа узр мехоҳад. “Дар ҳақиқат асабонӣ шудем. Бахшиш мепурсем.”- гуфта буд руҳонӣ дар гузориши вазорати корҳои дохила.

Қазияи боздошту ба шаш сол зиндон маҳкум шудани домулло Абдулҳаннон Усмонов ва рафтораш дар тӯй дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёд ба по кардааст. Ин қазия аз як сӯ мавзӯи бархурди бархе аз домулову рӯҳониёнро бо мусиқӣ ва масроими хушҳолии сокинон доғ кард ва бархе ҳам амали мақомотро дахолат ба ҳарими шахсӣ номида, ҳукми Абдулҳаннон Усмоновро идомаи саркӯби рӯҳониён бо ҳар баҳона номидаанд.

XS
SM
MD
LG