Ссылки доступа

Рӯзноманигори қазоқистонӣ Думан Муҳаммадкарим аз ҳабс раҳо шуд


Думан Мухаммедкарим (в центре в серой одежде) и его сторонники. Алматинская область, 15 апреля 2023 года
Думан Мухаммедкарим (в центре в серой одежде) и его сторонники. Алматинская область, 15 апреля 2023 года

Рӯзноманигори мустақили қазоқистонӣ Думан Муҳаммадкарим, ки баъди интихоботи порлумонӣ 25 рӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуда буд, ба озодӣ баромад.

Рӯзи 15 апрел вай аз маҳбасе дар вилояти Алмато раҳо шуд. Пушти дари маҳбас Муҳаммадкаримро хешовандон, вакили мудофеъ ва ҷонибдорон пешвоз гирифтанд.

Ҳангоми дар ҳабс будан Муҳаммадкарим гуруснашинӣ эълом карда буд. Баъди раҳо шудан вай сабаби даст кашидан аз ғизоро шарҳ дод.

"Дар маҳбас ҳеч кадом ғизоҳо ва дастовезҳои наздикони маро қабул намекарданд. Вақте маро боздошт карданд, даъватнома надоштанд. Ба додгоҳ даъват накарданд. Кормандони мақомоти амният маро дар роҳ боздошт карданд. Ман нигарони хонавода будам, талаб мулоқот бо онҳоро кардам. Гуфтам, дар сурати ғайр гуруснашиниро қатъ намекунам. Онҳо ибтидо розӣ нашуданд. Баъд иҷозаи мулоқот бо падар, хоҳар ва домодамонро доданд", - гуфт Муҳаммадкарим.

Думан Муҳаммадкарим - номзади пешин ба мақоми вакилии порлумон, муаллифи канали ND дар ютюб, ки мавзуҳои сиёсиро онҷо баррасӣ мекунад, 21 март боздошт шуд. Ӯро дар вайрон кардани тартиби ташкили гирдиҳамоӣ айбдор карданд. Муҳаммадкарим рӯзи 20 март дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки бо натиҷаҳои интихобот розӣ нест ва аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки ба гирдиҳамоӣ бароянд.

XS
SM
MD
LG