Ссылки доступа

Манъи ташкили эътирозҳо: як вакили мудофеи қирғизистонӣ ният дорад ба Додгоҳи олӣ шикоят барад


Рӯзи 14 апрел додгоҳи шаҳрии Бишкеки Қирғизистон дархости вакили мудофеъ Бактибек Жумашевро дар бораи бекорсозии қарори додгоҳи ноҳияи Якуми майи Бишкек рад кард. Додгоҳи ноҳияи Якуми май ташкили гирдиҳамоиҳоро дар бархе аз минтақаҳои Бишкек манъ кардааст.

Вай рӯзи 6 апрел барои бекорсозии қарори мазкур шикоят бурда буд.

Жумашев гуфт, ки ният дорад ба Додгоҳи олӣ шикоят барад.

Рӯзи 31 март додгоҳи ноҳияи Якуми майи Бишкек бори дигар тамдиди манъи баргузории гирдиҳамоиҳоро дар ноҳияи Якуми май қонунӣ донист. То 30 июн ташкили гирдиҳамоиҳо дар майдони "Ала-Тоо", назди бинои порлумон, дастгоҳи президент, Кумитаи амният, Додгоҳи олӣ, сафорати Русия дар Қирғизистон, боғи ба номи Панфилов ва дар ҳудуди хиёбони Эркиндик манъ шудааст.

Аз замони манъи гирдиҳамоиҳо дар ин минтақаҳо як сол мегузарад. Додгоҳ чанд маротиба аст, ки муҳлати манъи гирдиҳамоиҳоро тамдид мекунад.

Чанде аз ҳомиёни ҳуқуқ ва фаъолони шаҳрвандӣ борҳо гуфтанд, ки қарори додгоҳ ғайриқонунӣ аст. Атир Абдраҳматов, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Қирғизистон гуфта буд, ин қарор хилофи Конститутсия аст.

XS
SM
MD
LG