Ссылки доступа

Роҳбари Оҷонси зиддифасоди Узбекистон рӯйхат ва арзиши туҳфаҳои гирифтаашро нашр кард


Иллюстративное фото
Иллюстративное фото

Сомонаи Оҷонси зиддифасоди Узбекистон рӯйхати туҳфаҳои гирифтаи роҳбари ин оҷонс Акмал Бурҳоновро нашр кард. Арзиши умумии ҳашт "сувенир" ва расм 14,57 млн сӯм баҳо дода шудааст.

Рӯзи 13 март дар Узбекистон дар робита ба арзиши туҳфаҳо меъёре ҷорӣ шуд, ки мансабдорони давлатӣ дар рафти сафарҳои хидматӣ, аз чорабиниҳои байналхалқӣ ва дигар чорабиниҳои расмии давлатӣ метавонанд, бигиранд.

Санад ҷорӣ кардани рӯйхати туҳфаҳоро миёни мансабдорон талаб, аммо нашри онро тақозо намекунад. Оҷонсӣ бо ташаббуси худ рӯйхат ва арзиши туҳфаҳои роҳбарро нашр кардааст.

Бино ба меъёри ҷоришуда, дар сурате, ки агар арзиши туҳфаи дарёфткардаи мансабдор аз 1,2 млн сӯм камтар бошад, дар ихтиёри мансабдор боқӣ мемонад. Агар арзиши туҳфа аз ин маблағ бештар бошад, дар он сурат туҳфаро давлат соҳиб мешавад.

XS
SM
MD
LG