Ссылки доступа

​​​​​​​"Сарбозшикор"-и як ҷавони мубталои ВИЧ (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Рақси сӯфиёнаи Анас.​ Дар Сурия дар моҳи Рамазон расм аст, ки мардум дар тарабхонаҳо ифтор кунанд ва шоми худро хуш бигзаронанд. Бахше аз ифтор дар баъзе ресторанҳо самоъ, ё рақси пайравони аҳли тасаввуф аст, ки онро василае барои расидан ба Ҳақ мешумориданд. Яке аз онҳое, ки рақсро иҷро мекунад, Анаси чаҳорсола аст. (видео)

- ​"Сарбозшикор"-и як ҷавони мубталои ВИЧ.​ Як ҷавони мубталои ВИЧ, вируси норасоии масунияти бадан, мегӯяд, се дафъа ӯро маҷбурӣ ба комиссариати ҳарбӣ бурда, танҳо баъд аз исботи беморияш дар ҳузури ҳама раҳо карданд. Як маъмури комиссариат гуфт, "дар пешонии ҷавонон чӣ бемор будани онҳо навишта нашудааст". (видео)

- "Пулам дидем, пир шудем дигар. Ба мо пул даркор нест". Бо наздиктар омадани фасли гармо дар Тоҷикистон иддае аз мардум барои сайру саёҳат омодагӣ мегиранд. Бо назардошти ин хабарнигори Радиои Озодӣ аз чанд раҳгузар дар Душанбе пурсид, ки дар зиндагӣ аз миёни се чиз кадомеро интихоб мекунанд: “Ишқу муҳаббат, сайру саёҳат ва ё пул” (видео)

- Ду милисаи қирғизро барои таҷовуз зиндонӣ карданд.​ Додгоҳи олии Қирғизистон, ба қазияи пурсарусадои таҷовузи як ноболиғ аз суйи милисахо нуқта гузошт. Ду милисаи собиқ, ки як духтари 13-соларо таҷовуз кардаанд, то ба 9 соли зиндон маҳкум шуданд. Ин ҳукм ҷомеа ва волидони ноболиғро, ки интизори эълони ҷазои сахт ба милисаҳо буданд, ҳайратзада кард. (видео)

- Чаро Озарбойҷону Тоҷикистон тиҷорати зиёд надоранд? ​Илҳом Алиев, президенти Озарбойҷон бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар Душанбе мулоқот карданд. Раҳбари Озарбойҷон бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон рафтааст. Мулоқот бо президенти Тоҷикистон, имзои чанд санад ва баргузории нишасти сармоягузорон аз барномаҳои сафари Алиев ба Душанбе буд. (видео)

- Додраси пешин айбномаи мақомотро рад кард. Муҳокимаи Рустам Саидаҳмадзода, додраси машҳур ба ҳукми сафед, дар Додгоҳи олии Тоҷикистон ба поён расид.Ӯро нӯҳ моҳ пеш дастгир ва ба қаллобӣ, нашри ахбори дурӯғ, баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ ва ғайриқонунӣ баровардани ҳукм муттаҳам карданд. Худаш иттиҳомҳоро рад кардааст. (видео)

- ​Ду мансабдор ба номуси духтарчаҳои ятим таҷовуз кардаанд.​ Ба ду мансабдори Узбекистон, ки ба таҷовузи чанд духтари як ятимхона айбдор мешаванд, ҷазои сахттарин талаб доранд. Гап сари қазияи ду сол пеш меравад, вале нав ҳамагонӣ шудааст. (видео)

- Доналд Трампро расман ба ҷиноят муттаҳам мекунанд.​ Қарор аст, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури собиқи Амрико, аз шаҳри Флорида ба Ню-Йорк биёяд, то ба ӯ иттиҳоми расмиро эълон кунанд. Доналд Трампро ба он муттаҳам мекунанд, ки бо як ҳунарпешаи филмҳои порнографӣ робитаи маҳрамона дошта, ба ӯ пул додааст, ки дар ин бора лаб накушояд. (видео)

- ​Бо аломати ҷамъ рост ба артиш.​ Дар Тоҷикистон ба гуфтаи мақомот даъвати ҷавонон ба сафи артиш босуръат идома дорад. Даъвати баҳории ҷавонон ба сафи артиш рӯзи 1-уми апрел оғоз ёфт. Айни замон аз гушаву канори Тоҷикистон аз шеваҳои аҷиби фиристодани ҷавонон ба артиш хабар мерасад. (видео)

- Дидбонгоҳҳои нав дар марзи Тоҷикистону Афғонистон. Чанд сол боз дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон сохтмони дидбонгоҳу қисмҳои марзбонӣ ҷараён дорад. Ҳоло дар ноҳияи Фархор чаҳор дидбонгоҳ месозанд. Ҳамаи ин ба чӣ маъност? Дар гузориш бинед. (видео)

- ​Гуфтугӯ бо Асад Гулзодаи Бухороӣ.​ Асад Гулзода, адиби шинохтаи тоҷик, яке аз ҷонибдорони эҳёи мактабҳои тоҷикӣ дар шаҳри Бухоро аст. Ӯ рӯзи якуми апрел 88-сола шуд. Навори пурраи суҳбатро дар инҷо бинед. (гулчин)

- Тавсияи профессори тоҷик ба рӯзадорон. "Хӯроки сахт, тунд (тез), боддор ва дорои моддаҳои зиёди кимиёӣ нахӯранд." Профессор Ҷаҳони Азонзод тавсияашро барои рӯзадорон дар Тоҷикистон ин гуна сар кард (видео)

- Мардикорон ба ҷойҳои корӣ таваҷҷуҳ надоранд. Чаро?
Дар назди яке аз мардикорбозорҳои Душанбе барои ним рӯз ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ташкил карданд. Дар он садҳо ҷойи кор пешкаши корҷӯён шуд. Мушоҳида нишон дод, ки ҳатто мардикороне, ки ҷойи кори аниқ надоранд, барои пайдо кардани кор ба ярмарка намерафтанд (видео)

- Гуфтугӯ бо Асад Гулзодаи Бухороӣ. Асад Гулзода, адиби шинохтаи тоҷик, яке аз ҷонибдорони эҳёи мактабҳои тоҷикӣ дар шаҳри Бухоро аст. Ӯ рӯзи якуми апрел 88-сола шуд. Навори пурраи суҳбатро дар инҷо бинед (видео)

- Зани тоҷик аз ночорӣ ба муҳоҷират меравад ё сабабҳои дигар?
Чаро теъдоди занони тоҷик, ки фарзандонашонро дар Тоҷикистон мемонанду барои кор ба Русия мераванд, зиёдтар мешавад? (видео)

- Русия чӣ гуна бо кӯмаки кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳримҳои ғарбиро давр мезанад (видеои Настоящее время)

- Маҷлиси нав, раиси куҳна ва сарвазири пешин. Корпартоӣ дар Жетибои Қазоқистон (видео)

- Осиёз: кӣ ва чӣ гуна ба Русия дар давр задани таҳримҳо кӯмак мерасонад (видео)

- "Украина ҳаргиз намебахшад". 31 март — солгарди озодсозии Буча (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО!

XS
SM
MD
LG