Ссылки доступа

Таркиши газ дар Қазоқистон 4 кушта бар ҷой гузошт


Дар натиҷаи таркиши балони газ дар яке аз баландошёнаҳои зисти шаҳри Жанаозени Қазоқистон чаҳор кас ба ҳалокат расидааст.

Хадамоти матбуотии вилояти Мангистау иттилоъ дод, ки ҷасади сокини Жанаозенро аз зери харобаҳо берун оварданд. Шумори осебдидаҳо дар таркиш ҷамъан ба 13 нафар расидааст. Ҳашт тани захмиён кудаконанд.

Расонаҳои маҳаллӣ қаблан хабар дода буданд, ки дар натиҷаи таркиши балони газ дар Жанаозен 11 кас осеб дидааст. Шаш нафари осебдидаҳо дар бемористон бистарӣ карда шудааст.

Масъулони шаҳрдории Жанаозен гуфтанд, дар натиҷаи таркиш се ҳуҷра осеб дидааст. Ҳодиса соати 4 субҳи 17 рух додааст.

XS
SM
MD
LG