Ссылки доступа

Оғози баррасии парвандаи вазири пешини фарҳанги Қазоқистон


Додгоҳи шаҳри Остонаи Қазоқистон 17 апрел баррасии парвандаи вазири пешини фарҳанги он кишвар Аристонбек Муҳаммадиулиро, ки ба дуздии пулҳои буҷа айбдор мешавад, оғоз кард.

Ҳамроҳи вазири пешин се нафари дигар — Нуразхон А. Ш., Кошенов А. К. ва Садвакасова А. Т. ҳам дар курсии айбдорӣ нишастаанд.

Вазири пешини фарҳанги Қазоқистон аз 28 моҳи майи соли 2022 бо гумони дуздии беш аз 140 миллион тангаи буҷа дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Мақомоти зиддифасоди Қазоқистон таҳқиқи фасодкории вазири пешинро рӯзи 16 майи соли гузашта шуруъ карда буданд.

Муҳаммадиулӣ аз соли 2014 то 2019 вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон буд.

XS
SM
MD
LG