Ссылки доступа

Боздошти 10 корманди Хадамоти андози Қирғизистон


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод, ки 10 корманди Хадамоти андози ин кишвар бо гумони порагирӣ дастгир карда шудааст.

Дар изҳороти кумита аз 17 апрел омадааст, ки боздоштшудаҳо бо тоҷирон "созиш" карда, огоҳона андози онҳоро ба маблағи беш аз 100 миллион сом кам нишон додаанд.

Зидди гумонбарон бо банди "Фасодкорӣ" парванда боз шуда, онҳо бо қарори додгоҳ дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Манбаъ афзуда, ки "барои муайян намудани ҳамаи шахсони дастандаркор дар содир намудани ҷиноят ва ҳаҷми зарари дақиқи ба давлат расида чораҳои зарурии тафтишотӣ андешида мешаванд".

XS
SM
MD
LG