Ссылки доступа

Пас аз бародари зиндонияш Рамзӣ, Сино Вазирбеков низ "парвандадор" шуд


Сино Вазирбеков
Сино Вазирбеков

Мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зидди Сино Вазирбеков парвандаи ҷиноӣ кушода, ӯро барои ширкаташ дар як гирдиҳамоии мухолифон дар Берлин ба ифротгароӣ айбдор мекунанд. Ин банди қонун аз чор то ҳафт сол зиндонро дар назар дорад.

Сино Вазирбеков бародари фаъоли маданӣ Рамзӣ Вазирбеков аст, ки ба 13 сол зиндон маҳкум шудааст. Як манбаъ дар мақомоти қудратии ВМКБ рӯзи 14-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки парвандаи Сино Вазирбековро ба иттиҳоми "ифротгароӣ" омода ва барои таҳқиқи бештар ба додситонӣ фиристоданд.

"Иштироки Сино Вазирбеков дар иттиҳоди ифротгарои Паймони миллии Тоҷикистон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид ва барои оғози парванда асос шуд," – гуфт ҳамсуҳбати мо. Вай нахост, номашро бинависем.

Сино Вазирбеков ҳоло дар Аврупо аст ва рӯзи 17-уми апрел дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ иштирокашро дар гирдиҳамоӣ дар Берлин тасдиқ кард, аммо гуфт, вобастаи ҳеч гурӯҳ ё ҷунбиши сиёсӣ нест.

Дар он гирдиҳамоӣ, ки рӯзи 25-уми марти имсол гузашт, намояндагони як гуруҳ аз мухолифон озодии Абдуллоҳи Шамсиддин, паноҳҷӯйи ихроҷшудаи тоҷикро хоста, ҳукумати Тоҷикистонро барои саркӯби фаъолони иҷтимоӣ ва хабарнигорон танқид карданд.

"Ягона хоҳиш ва талаби ман ин аст, ки ба бедодгариҳои ҳукумат дар Бадахшон таваҷҷуҳ шавад. Интизор доштам, ки метавонанд, ба рӯйхати ҷинояткорон дохил кунанд, вале амали худро ҷиноят намешуморам, баръакс, адои қарз дар назди мардум медонам," – афзуд Сино Вазирбеков.

Ба гуфтаи Вазирбеков, ӯ зиёда аз ним сол боз дар Аврупо аст ва дархости паноҳандагии сиёсӣ кардааст.

Бародараш Рамзӣ Вазирбеков моҳи июли соли 2022 дар Русия нопадид ва дертар ба таври мармуз дар Тоҷикистон пайдо шуду ба 13 сол зиндон маҳкум гардид. Додрас ӯ ва ҳамроҳу ҳамнасабаш Ораз Вазирбековро ба "иштирок дар иттиҳоди ҷиноӣ" ва "даъват дар Интернет барои бо зӯр гирифтани ҳокимият" гунаҳкор донист. Худашон ва пайвандон ҳукмро беасос номиданд.

Пас аз тазоҳурот ва нооромиҳои моҳи майи соли 2022 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки бо марги даҳҳо нафар анҷомид, садҳо нафар, аз ҷумла даҳҳо фаъоли маданиро дастгир ва баъзеро ба солҳои дарози зиндон ва ҳабси абад маҳкум карданд.

Вазорати корҳои дохилӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон дар чанд маврид эътирозгаронро дар Бадахшон “аъзои гуруҳҳои ҷиноӣ” ном бурдаанд. Маҳкумшудаҳо ва наздиконашон мегӯянд, гуноҳе накарданд ва иттиҳомот беасос аст.

Яна Гороховская, мудири тадқиқот ва стратегияи Freedom House, моҳи апрел дар гузорише навишт, мақомоти Тоҷикистон 11 касе, ки "амалиёт"-и Душанберо дар Бадахшон танқид мекарданд, аз Русия оварда, ба зиндон андохтанд.

Чанд созмону кишварҳои ғарбӣ аз Тоҷикистон хостанд, ба муҳокимаҳои “ноодилонаи сокинони Бадахшон поён дода, боздоштҳои ғайриқонунии онҳоро бас кунад”. Афви Байнулмилал (Amnesty International) Тоҷикистонро барои саркӯби эътирозгарон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сахт танқид кард ва CIVICUS Monitor дар қатори "давлатҳои пӯшида" номид.

XS
SM
MD
LG