Ссылки доступа

Остона ба Толибон бинои сафорат медиҳад, аммо гуфт, "онҳоро эътироф намекунад"


Дар вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон эътироф карданд, ки Остона тасмим дорад, ба "дипломатҳои Толибон" барои таъсиси сафорат бино диҳад.

Дар нишастии хабарии рӯзи 17 апрел намояндаи вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон гуфт, ки кишвараш ба дархости "ҳукумати нави Афғонистон" дар робита ба сабти номи "дипломатҳояшон" посухи мусбат додааст.

"Бо фурӯ рехтани низоми пешин дар моҳи августи соли 2021 як хало эҷод шуд. Сафоратҳои Афғонистон дар кишварҳои хориҷ гуфтанд, ки ҳукумати навро намояндагӣ намекунанд. Вазъ душвор, аммо мунҳасир ба фард нест. Таърих мисолҳои зиёде дорад, ки дар бисёре аз кишварҳо ҳукуматҳо иваз шуданд ва масъалаи машруъият ба миён омад", - гуфт Айбек Смадияров, намояндаи расмии вазорати хориҷаи Қазоқистон.

Дар вазорати мазкур ҳамчунин гуфтанд, омадани намояндагони ҳукумати нави Афғонистон "ба маънои эътирофи онҳо нест" ва Қазоқистон "ба тааҳҳудоти СММ содиқ мемонад".

Пештар расонаҳо хабар доданд, ки муовинони сарвазири Қазоқистон ва вазири тиҷорати Қазоқистон Серик Жумангарин дар Кобул бо сарвазири Толибон Абдулғанӣ Бародар мулоқот кардааст.

Дар он мулоқот Толибон аз ҷониби Қазоқистон дархости бинои сафорат кардаанд.

Ҳаракати Толибон дар бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла дар Қазоқистон террористӣ эълом ва фаъолияташ манъ шудааст. Аммо Остона баъди сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон ба он кишвар борҳо ҳайати расмӣ фиристод ва сафорати Қазоқистон дар Кобул ҳамоно ба фаъолият идома медиҳад.

XS
SM
MD
LG