Ссылки доступа

Дар Қирғизистон шаҳрдор Урмат Самаевро боздошт карданд


Маъмурони Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон 17 апрел шаҳрдори Токмаки ин кишвар Урмат Самаевро дастгир карданд.

Хадамоти матбуотии кумита иттилоъ додааст, ки Самаев дар ташкили “нақшаи фасодкорӣ" дар корхонаи “Токмок Жилулук” гумонбар мешавад. Манбаъ афзудааст, ки Самаев дар робита ба ғайриқонунӣ пайваст кардани хонаҳои шахсӣ ба маркази гармидиҳии шаҳр дастгир шудааст.

Зидди шаҳрдори Токмак бо гумони "сӯистифода аз мансаб" парвандаи ҷиноӣ боз гаштааст. Қарор аст, додгоҳ масъалаи ба ҳабси пешакӣ гирифтани вайро 19 апрел баррасӣ кунад.

Вакили маҷлиси шаҳрии Токмак Чолпон Сидиқова хабар дод, ки шаҳрдор 17 апрел дастгир шудааст.

Урмат Самаев моҳи августи соли 2021 шаҳрдори Токмак таъйин шуда буд. Ӯ қаблан вакили порлумони Қирғизистон аз ҳисоби ҳизби "Қирғизистон" буд.

XS
SM
MD
LG