Ссылки доступа

Додгоҳи Қирғизистон баррасии шикояти "ЭлТР"-ро зидди "ПолитКлиника" оғоз кард


Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек 18 апрел шикояти телевизиони давлатии "ЭлТР"-и Қирғизистон зидди нашрияи мустақили "ПолитКлиника"-ро оғоз кард.

Ба иттилои хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ, ҳуқуқшиноси телевизион дархост кардааст, ки намояндагони вазоратҳои молия ва энергетикаи Қирғизистон ҳамчун шоҳид ба додгоҳ даъват карда шаванд. Дархост қонеъ шудааст.

Вакилони дифои "ПолитКлиника" ҳам аз ҷониби даъвогар дархост карданд, ки дақиқ гӯянд, дар кадом матлаби нашрия кадом маълумот нодуруст нашр шудааст. Ин дархост ҳам қонеъ ва рӯзи мурофиаи навбатӣ 17 майи имсол эълом гаштааст.

Рӯзноманигорони "ПолитКлиника" қаблан гуфтанд, ки нашрия барои чопи як матлаб дар бораи қарз гирифтани Қирғизистон аз хориҷ барои бахши энергетикии худ ба додгоҳ кашида шуд. Телевизини давлатӣ нашрияро ба паҳн кардани иттилои нодуруст айбдор карда, талаб дорад, ки 7 миллион сом ҷуброн пардозад.

Ҳамчунин аз муаллифи матлаб Тинистан Асипбек 3 миллион сом пардохти ҷуброни маънавӣ талаб карда шудааст.

Қаблан сардори хадамоти сиёсати иттилоотии дастгоҳи президенти Қирғизистон Дайирбек Орунбеков рӯзномнигорони "ПолитКлиника"-ро ба дуруғпароканӣ айбдор карда буд. "ПолитКлиника" ин иддаоро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG