Ссылки доступа

Додситонии кулли Узбекистон латукӯби ду омӯзгорро аз сӯи як ҳамкорашон таҳқиқ мекунад


Дар мактабе дар ноҳияи Узуни вилояти Сурхандарёи Узбекистон як омӯзгор ду ҳамкорашро латту кӯб кард. Додситонии кул ва вазорати таҳсилоти томактабӣ ва мактабии Узбекистон таҳқиқро шуруъ кардаанд.

Ҳаёт Шамсутдинов, котиби матбуотии додситонии кулли Узбекистон гуфт, ин ҳодиса дар мактаби рақами 31 дар ноҳияи Узун рух додааст.

Рӯзи сешанбе наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ки ду мард ва ҳафт зан ҷаласа баргузор мекунанд. Марде бо кулоҳи кабуд китоберо сӯи зани дорои рӯймоли сафед мепартояд ва баъдан ба назди вай рафта, ба рӯяш шаппотӣ мезанад. Зан дар натиҷа меафтад.

Мард ба назди зани дигар рафта, ӯро ҳам мезанад ва зани дувум низ меафтад. Мард дубора ба назди зани аввал бар мегардад ва ба сараш мезанад. Садое дар навор шунида мешавад, ки ба мард мегӯянд, заданро бас кунад, зеро дар толор дурбинҳои наворбардорӣ насб шудааст.

Дар додситонии кулли Узбекистон гуфтанд, ин ҳодиса соати тақрибан 12:00, рӯзи 14 апрел рух додааст. Омӯзгори 34-сола ду омӯзгори дигарро дар утоқи мудири мактаб латту кӯб кардааст.

Рӯзи 18 апрел, баъди нашри навор, бо моддаи авбошӣ парванда боз ва гумонбар боздошт шудааст. Тафтишот идома дорад.

Ҳилола Умарова, вазири таҳсилоти томактабӣ ва мактабии Узбекистон ҳодисаи мазкурро ноумедкунанда ва шармовар номид.

Вай гуфт, ду омӯзгори зиёндида дар беморхона таҳти назорати пизишкон ҳастанд.

XS
SM
MD
LG