Ссылки доступа

Зани 54-сола барои "ба худкушӣ расонидан"-и келин 5 сол зиндонӣ шуд


Иллюстративное фото
Иллюстративное фото

Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ як зани 54-соларо барои азияту озори ва таҳқири пайвастаи келини ятимаш ва то ба худкушӣ расонидани он ба 5 соли зиндон маҳкум кардааст.

Бибинос Исмоилова, сокини деҳаи Сафедчашмаи ҷамоати деҳоти Эсанбой ба гуфтаи додгоҳ барои он ба зиндон маҳкум шуд, ки мунтазам шаъну шарафи келинаш, Гулнисо Абдуназарова ва модари як тифли хурдсолро, паст зада, бо баҳонаҳои гуногун доимо ҷанҷол ва ӯро латукӯб мекардааст.

Дар ҳукми додгоҳи ноҳия, ки охири ҳафтаи гузашта ба дасти Радиои Озодӣ расид, омадааст, ки Бибинос Исмоилова рӯзи 18-уми майи соли 2022 келинашро, ки аз хурдӣ ятим монда дар назди бибиву бобояш бузург шудааст, ба дуздии 10 сомонӣ муттаҳам карда ва дар назди аҳли деҳа ӯро таънаву маломат задааст.

Гулнисо Абдуназарова, ки ба гуфтаи додгоҳ ҷабру азоби хушдоманро кашидааст, ин дафъа ба таҳқиру тавҳин тоб наовардааст ва шоми ҳамон рӯз дар ошхонаи хонаи хушдоманаш худро бо рӯймол ба дор овехта ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳукми додгоҳ омадааст, ҳарчанд Бибинос Исмоилова ҳангоми муҳокима гуфтааст, ки дар марги келинаш гунаҳкор нест, аммо гуфтаҳои шоҳидони айнӣ бадрафторӣ ва ҷабру ситами хушдоман ба келинашро собит кардааст. Аз ин рӯ, додгоҳ Бибинос Исмоиловаро рӯзи 2-уми феврал барои таҳдиду аз роҳи муносибати бераҳмона ба худкушӣ расонидани келини ҷавонаш ба 5 соли зиндон маҳкум карда ва амр додааст, ки ба дастони ӯ дар толори додгоҳ завлона зада ба зиндон баранд.

Бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон модареро барои ба худкушӣ расонидани келинаш ба зиндон маҳкум мекунанд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ки мақомоти расмӣ барои аз байн бурдани зӯроварӣ ба зан ва маҳви ин зуҳурот саъйи кофӣ ба харҷ намедиҳанд.

XS
SM
MD
LG