Ссылки доступа

Додгоҳи шикояти рӯзноманигори қазоқистониро дар мавриди 15 рӯзи ҳабси маъмурӣ рад кард


Додгоҳи вилоятии Қазоқистони Ғарбӣ рӯзи 18 апрел шикояти рӯзноманигор Лукпан Ахмедяровро дар мавриди ҳабси маъмурияш ба муҳлати 15 рӯз рад кард. Ӯро барои риоя накардани қонун дар бораи гирдиҳамоиҳо ҳабс кардаанд.

Рӯзноманигор рӯзи 9 апрел дар майдони "Духтарони пуршарафи мардуми қазоқ" 4 дақиқа суханронӣ кард. Баъди чанд рӯзи он суханрони пулис рафтори ӯро вайронсозии тартиби ташкил ва баргузории ҷамъомадҳо баҳо дод ва ӯро боздошт кард.

Шикояти вай аз ҳукми додгоҳ рӯзи сешанбе баррасӣ шуд. Рӯзноманигор гуфт, ки вай ташкилкунандаи гирдиҳамоӣ набуд ва танҳо бо иҷозаи ташкилкунанда суханронӣ кардааст ва мутаносибан наметавонад, ташкилкунанда баҳо дода шавад. Додгоҳи шикояти рӯзноманигорро дар мавриди ҳабси маъмурияш рад ва ӯро дар ҳабс боқӣ гузошт.

XS
SM
MD
LG