Дар акси нашр кардаи расонаҳои Узбекистон дида мешавад, Мирзиёева дар канори Алина Кабаева, ки ба рӯйхати таҳримшудаҳои Ғарб шомил аст, нишастааст.
Номи Кабаева тобистони соли 2022 ба "рӯйхати сиёҳ" ё таҳримшудаҳои Иттиҳоди Аврупо, Бритониё ва ИМА шомил шудааст. Ҳукуматҳои ин кишварҳо гуфтанд, Кабаеваро ба далели "муносибатҳои наздик" бо президенти Русия Владимир Путин таҳрим кардаанд. Тибқи иттилои расонаҳо, Кабаева аз Путин фарзанд ҳам дорад.
Нашрияи швейтсарии "SonntagsZeitung" 1 майи соли 2022 навишт, ки Кабаева аз Путин ду писар дорад, ки солҳои таваллудашон 2015 ва 2019 аст.