Ссылки доступа

Тоқаев гуфт, нархи тарифҳои хидматрасонӣ бояд гарон карда шавад


Мақомоти Қазоқистон ҳангоми баррасии вазъи зербиноиҳои шаҳру ноҳияҳои он кишвар бори дигар гуфтанд, ки мехоҳанд нархи тарифҳои гармидиҳиро гарон кунанд.

“Мо дар ин минтақа танҳо нестем. Нархи сӯзишворӣ дар ҳама ҷой нисбат ба мо гаронтар аст. Бинобар ин, ҳамаи кумакҳои давлатӣ ба иқтисоди кишварҳои дигар меравад. Мо ё тадриҷан тарифҳоро гарон ва ба бозор наздик мекунем ё дар ҳама шаҳру деҳаҳо бе зербиноӣ мемонем”, - гуфт президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар ҷаласае, ки дар он рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар баррасӣ мешуд.

Вазири иқтисоди миллии Қазоқистон Алибек Куантиров 31 январи имсол гуфта буд, ки аз баҳори соли равон арзиши хидматрасониҳои коммуналӣ дар ин кишвар аз 10 то 25 дарсад гарон карда мешавад.

Ӯ гуфт, маркази барқу гармидиҳии шаҳри Экибастуз, ки дар рӯзҳои сардии ғайримуқаррарӣ дар он садама рух дода буд, хостааст, то нархи хидматрасонияш 107 дарсад боло бурда шавад, вале Вазорати иқтисоди миллии Қазоқистон наметавонад ба ин розӣ шавад.

Дар авҷи сардиҳои ғайримуқаррари ахир дар марказҳои барқу гармидиҳии ду шаҳри Қазоқистон - Экибастуз ва Риддер садама рух дода, даҳҳо хона бе барқу гармӣ монданд. Мақомоти қазоқ ҳам мегӯянд, нархи хадамоти коммуналӣ низ бештар дар ин ду шаҳр гаронтар хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG