Ссылки доступа

Дар Қирғизистон ҳамаи омӯзгорони як гимназияро аз кор ронданд


Муовини раиси Девони вазирони Қирғизистон Эдил Байсалов дар суҳбат бо телевизиони "GovoriTv" гуфт, ҳамаи омӯзгорони гимназия-интернати рақами яки шаҳри Бишкек аз кор ронда шуданд.

Ӯ ҳодисаи рухдода дар гимназияро "фоҷеаи бузург" номида, гуфт, хонандагон набояд ба муноқишаи омӯзгорон ҷалб карда мешуданд.

"Ҳамаи омӯзгорон аз кор ронда шуданд. Мо қаблан мехостем, ки онҳоро дар мактабҳои дигар тақсим ва бо ҷои кор таъмин кунем, аммо баъди ин ҳодиса ҳамаашонро рондем. Ҳамчунин ба ниҳодҳои зиддахл дастур додем, ки дастандаркорони қазия, онҳое, ки кудаконро ба муноқиша ҷалб кардаанд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд", - изҳор дошт ӯ.

Ин хабарро мудири маорифи шаҳри Бишкек Айнура Арстамбекова тасдиқ кард. Ба гуфтаи ӯ, аллакай дар гимназия омӯзгорони нав ба кор қабул шудаанд.

Видеои тазоҳуроти омӯзгорон ва хонандагон дар саҳни бинои гимназия 17 апрел дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Онҳо талаб мекарданд, ки мудири гимназия дар мақоми худ боқӣ монад. Омӯзгорони гимназия 15 апрел дар як муроҷиатномаи худ ба раҳбарияти Қирғизистон гуфтанд, шуъбаи маорифи шаҳр онҳоро аз кор ихроҷ карданӣ аст.

Дар шаҳрдории Бишкек гуфтанд, комиссияи байниидоравӣ дар фаъолияти гимназия камбудиҳоеро ошкор кардааст. Ин масъала 18 март дар ҷаласаи Девони вазирони Қирғизистон ҳам баррасӣ шуд.

XS
SM
MD
LG