Ссылки доступа

Овоздиҳӣ дар раъйпурсии Узбекистон барои ивази Конститутсия пеш аз муҳлат оғоз шуд


Овоздиҳӣ дар раъйпурсии Узбекистон барои қабули лоиҳаи нави Конститутсияи ин кишвар 19 апрел, пеш аз муҳлат оғоз шуд.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Узбекистон гуфт, раванди овоздиҳӣ то 26 апрел идома меёбад. Раъйпурсии мазкур қарор буд, 30 апрели соли равон баргузор шавад.

Шаҳрвандоне, ки имкони раъдиҳӣ дар рӯзи раъйпурсиро дар маҳалли зисти худ надоранд, метавонад пешакӣ овоз диҳанд.

Ба назари коршиносон, эҳтимоли раъйи манфӣ додани шаҳрвандони Узбекистон ба лоиҳаи нави Конститутсияи Узбекистон, ки ба президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев имкон медиҳад, то соли 2040 дар сари қудрат бимонад, ба сифр баробар аст. Дар арафаи раъйпурсӣ дар саросари ин кишвар чорабиниҳое таҳти унвони "Конститутсияи ту, ман ва мо" ҷараён дорад.

Таҳрири нави Конститутсияи Узбекистон, ки аз сӯи порлумони он кишвар тасдиқ шуд, рӯзи 15 март нашр гардид.

Моддаи 106 таҳрири нави Конститутсияи Узбекистон муҳлати давраи президентиро аз 5 ба 7 сол тамдид кардааст. Бо ин вуҷуд, дар таҳрири нав нишон дода шудааст, ки як шахс наметавонад, бештар аз ду давра президент бошад.

Ҳамчунин моддаҳои 85-90, ки ба мавқеи Қарақалпоқистон рабт доранд, бе тағйир боқӣ мондаанд. Моҳи июли соли гузашта, вақте хостанд, калимаи "соҳибихтиёрӣ"-ро аз моддаи марбут ба вазъи Қарақалпоқистон бигиранд, дар шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистон эътирозҳои мардумӣ сар зад, ки ба бетартибиҳои оммавӣ печид.

XS
SM
MD
LG