Ссылки доступа

Додгоҳи Узбекистон 208 таъқибшудаи даврони шӯравиро сафед кард


Додгоҳи олии Узбекистон 208 шаҳрванди ин кишварро, ки дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ таъқиб шуда буданд, сафед кард.

Хадамоти матбуотии додгоҳ иттилоъ додааст, ки парвандаҳои ҷиноии марбут ба таъқибшудаҳо дар ҷаласаҳои боз таҳти раёсати муовини раиси Додгоҳи олии он кишвар Икром Муслимов баррасӣ карда шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, Коллегияи судӣ оид ба парвандахои чиноятии Додгоҳи олии Узбекистон бар асоси банди 83-и Кодекси мурофиавии ҷиноии ин кишвар 208 нафарро пурра сафед кардааст.

Дар миёни сафедшудаҳо шаҳрвандоне ҳастанд, ки дар вилоятҳои Фарғона, Самарқанд ва Қашқадарё таваллуд шуда ва кор кардаанд.

Қаблан маркази матбуотии Додгоҳи олии Узбекистон гуфта буд, онҳое барои сафедсозӣ интихоб шудаанд, ки Гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ пештар онҳоро сафед накарда буд. Гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ бо фармони президенти Узбекистон 8 октябри соли 2020 таъсис шудааст.

Додгоҳи олии Узбекистон ибтидои соли гузашта низ 120 қурбонии таъқибҳои сатлиниро сафед карда буд. Пештар 115 тани дигар сафед шуда буд.

Ҳазорон сокини Узбекистон солҳои 1937-1953 гирифтори таъқибҳои маъруф ба сталинӣ шуда буданд. Ба вижа, 13 ҳазор кас кушта, ҳазорон тани дигар бадарға шуданд.

XS
SM
MD
LG