Ссылки доступа

Жусупов манъи воридоти шир аз Қирғизистон ба Русияро шарҳ дод


Сардори Бозрасии давлатии байторӣ ва фитосанитарии Қирғизистон Аширбой Жусупов изҳороти "Росселхознадзор" дар бораи манъи воридоти маҳсулоти ширӣ аз ин кишвар ба Русияро шарҳ дод.

Жусупов 22 апрел дар як нишасти хабарӣ гуфт, дар бораи манъи воридоти маҳсулоти ширӣ аз Қирғизистон ба Русия нома ё санаде нагирифтаанд.

"Агар "Росселхознадзор" талабе дошта бошад, Қирғизистон омодааст, онро иҷро кунад. Вақте Қирғизистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё шомил шуд, бозрасии мо ҳамаи ширкатҳоро ба феҳристи иттиҳод ворид кард. Ягона фарқият ин аст, ки дар Қирғизистон ширро аз соҳибони чорвоҳо ҷамъоварӣ мекунанд. Онҳо дар бораи камбудҳои ночиз гуфта буданд, аммо камбуди ҷиддие вуҷуд надорад", - изҳор дошт Жусупов.

"Росселхознадзор" рӯзи 21-уми апрел хабар дод, ки воридоти маҳсулоти ширӣ аз Қирғизистон ба Русия боз дошта шуд. Ин тасмим гӯиё пас аз санҷиши маҳсулоти ширӣ ва корхонаҳои шири Қирғизистон гирифта шудааст.

Дар асл тасмими Маскав пас аз изҳороти як мансабдори Қирғизистон (19-уми апрели имсол) дар бораи омодагӣ ба гузаштан аз алифбои кириллӣ ба хати лотинӣ эълон шуд.

Русия солҳо боз "Росселхознадзор"-ро ҳамчун василаи фишор ба зидди ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ, ки рафторашон ба Маскав писанд нест, истифода мебарад.

XS
SM
MD
LG