Ноболиғи 17-сола замоне ба ин мард ҳамла кардааст, ки ӯ хоҳарашро бо чанд зарби корд ба қатл расондааст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 21-уми апрел хабар дод, ки ҳодиса рӯзи 6-уми апрел дар ҷамоати ба номи Сайф Раҳимзоди ноҳияи Балҷувон рух додааст.
Ба қавли вазорат, Абдулфайз Хоҷаев, сокини 39-солаи ноҳияи Восеъ барои бо худ бурдани ҳамсараш ба ноҳияи Балҷувон ба хонаи падарии ӯ меояд. Миёни ин ҷуфт қаблан ҷанҷоли оилавӣ шуда, зан зиндагӣ бо ин мардро рад карда будааст.
Ноболиғ дар барномаи ВКД нақл кард, ки вақте вориди ҳавлӣ шуд, хоҳарашро ба хун оғушта дид ва кордро аз дасти язнааш гирифта, ба ӯ ҳамла кард.
Ин зану шавҳар дар роҳ ба беморхона ҳалок шудаанд.
Нисбат ба ин ноболиғ, бо модаи 104-и Кодекси ҷиноят, яъне "Куштор" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Назари пайвандони ноболиғ ва марде, ки кушта шудааст, дастрас нест.
Солона дар Тоҷикистон чандин қатли ҳамсарон аз ҷониби шавҳарон сабт мешавад. Далели аксари онҳоро мақомот муноқишаи хонаводагӣ медонанд.
Додситонии ноҳияи Балҷувон нисбат ба ноболиғе, ки шавҳари хоҳари 25-солаашро кушта буд, парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.