Ссылки доступа

Сафари ёвари котиби давлатии Амрико ба Бишкеку Душанбе


Доналд Лу, ёвари котиби давлатӣ ё вазири корҳои хориҷии Амрико, ҳамроҳи як ҳайат ба Тоҷикистон ва Қирғизистон хоҳад омад.

Департаменти давлатӣ дар эъломияе рӯзи шанбе гуфт, сафари ӯ аз 22 то 27-уми апрел идома мекунад.

Ба иттилои манбаъ, Доналд Лу дар ҳарду кишвар бо мақомот ва намояндагони матбуоту аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ вомехӯрад.

Ёрии Амрико ба иқтисоди Қирғизистон, ҳуқуқи одамон ва озодии матбуот аз мавзуъҳои мавриди баррасии ӯ дар Бишкек будааст.

Дар Тоҷикистон ҳамкории Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон аз ҷумла дар бахши амниятро баррасӣ хоҳад кард. “Ёвари котиби давлатӣ ҳамчунин бо намояндагони матбуот ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон мулоқот карда, ба аҳамияти озодии матбуот ва зарурати ҷомеаи шаҳрвандии устувор таъкид хоҳад намуд”, – омадааст дар эъломия.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико мегӯяд, Доналд Лу ҳам дар Бишкек ва ҳам дар Душанбе паймони доимии Иёлоти Муттаҳидаро дар мавриди эҳтиром ба соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва истиқлоли Тоҷикистону Қирғизистон ба забон хоҳад овард.

XS
SM
MD
LG