Ссылки доступа

Таҳқиқи марги як ҳуқуқшинос дар Қазоқистон


Пулис баъди қатли ҳуқуқшиноси ширкати "АрселорМиттал Темиртау"-и Қазоқистон Ирина Эми 54-сола парванда боз кард. Ҷасади Ирина Эм дар манзили зисташ дар шаҳри Шахтински вилояти Қарағандаи он кишвар бо ҷароҳатҳо аз изи корд пайдо шуд.

Ҷасади ин занро ҳангоми хомӯш кардани оташ дар манзили бинои панҷошёна рӯзи 23 апрел пайдо карданд.

Пулис бо моддаи "Куштор" парванда боз кардааст.

Расонаҳои Қазоқистон ин мавзуъро баррасӣ доранд, ки қатли ҳуқуқшинос ба фаъолияти касбии вай рабт дорад ё на. Расонаҳо менависанд, баъди қатли ҳуқуқшинос қотил бо ҳадафи пинҳон кардани изи ҷиноят манзили ӯро оташ задааст.

XS
SM
MD
LG