Ссылки доступа

Вокуниши Қазоқистон ба изҳороти сафири Чин дар бораи истиқлоли кишварҳои пасошӯравӣ


Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Қазоқистон Айбек Смадияров 24 апрел дар як нишасти хабарӣ ба суоли рӯзноманигорон дар бораи изҳороти сафири Чин дар Фаронса Лу Шае, ки истиқлоли кишварҳои пасошӯравиро зери суол қарор дод, посух гуфт.

"Бо мавқеи Вазорати умури хориҷии Чин, ки ҳамтои ман имрӯз баён дошт, мувофиқ ҳастам", - изҳор дошт Смадияров.

Айбек Смадияров афзуд, ки дар робита ба ин изҳорот нотаи эътирозӣ намефиристанд ва сафари дипломати чинӣ Лу Шаеро ба ин кишвар маҳдуд намекунанд. "Ӯ дар Фаронса кор мекунад ва мо чи гуна ба ӯ нота мефиристем?", - илова кард Смадияров.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Чин Мао Нин рӯзи душанбе дар посух ба суоли рӯзноманигорон дар бораи изҳороти сафири ин кишвар дар Фаронса гуфт, мавқеи расмии Пекин дар изҳороти вазорат баён шудааст. Ӯ мустақиман нагуфт, ки Пекин бо гуфтаҳои Лу Шае розӣ нест. Сафорати Чин дар Фаронса низ бо нашри изҳороте гуфт, суханҳои сафир мавқеи шахсии худи ӯст ва он изҳороти расмӣ дар бораи сиёсати Чин нест.

Корбарон гуфтанд, сафорати Чин дар Фаронса баъди вокунишҳо суҳбати сафирро аз саҳифаҳои расмии намояндагӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пок кард.

Рӯзи 21-уми апрел сафири Чин дар Фаронса Лу Шае дар як мусоҳибааш бо LCI - шабакаи телевизионии Фаронса гуфт, ки кишварҳои баъди пошхӯрии СССР зуҳуркарда “бар асоси қонунҳои байналмилалӣ мақоми амалие надоранд, чунки ҳеҷ созиши байналмилалие вуҷуд надорад, ки мақоми мустақили ин кишварҳоро тасдиқ кунад.” Русия бо чунин баҳонаҳо феврали соли 2022 ҳуҷумаш ба хоки Украинаро тавҷеҳ карда буд. Украина ҳам як бахше аз Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Литва, Латвия ва Эстония дар вокуниш ба изҳороти сафири Чин дар Фаронса сафирони Чин дар кишварҳои худро фаро хонданд.

XS
SM
MD
LG