Ссылки доступа

"Панҷ нафар боздошт шуд." Додситонӣ навори баҳсбарангезро шарҳ дод (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- СММ аз Тоҷикистон дар бораи Бадахшон пурсид.​ Қарор аст, Кумитаи маҳви табъиз дар Созмони Милал ба зудӣ назари худро дар бораи вазъи аққалиятҳо дар Тоҷикистон ва то куҷо ҳимоят шудани ҳуқуқи онҳо бигуяд. Намояндагони кумита ҳафтаи гузашта гузориши ҳукумати Тоҷикистонро дар ин бора шуниданд ва дар бораи мардуми Бадахшону авзои онҷ пурсиданд. (видео)

- "Панҷ нафар боздошт шуд." Додситонӣ навори баҳсбарангезро шарҳ дод. (видео)

- Осиё 360°: "Тоҷикистони хурд" дар Қирғизистон. Деҳаи қирғизии "Жаны-Пахта" чанд сол пеш барои гурезаҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои 1990 аз ҷанги дохилии шаҳрвандӣ фирор карда буданд, паноҳгоҳе шуд. (видео)

- Даъво сари замин дар Исфара то президент рафт.​ Гурӯҳе аз сокинон ва волидони мактаббачагони муассисаи таълимие дар шаҳри Исфара талаб доранд, ки дар ҷойи як майдони холӣ бинои баландошёна насозанд. Майдони тақрибан нимгектараро дар дохили як маҳалла сокинон ва толибилмон ҳамчун варзишгоҳ истифода мекардаанд. (видео)

- ​Бизнеси нав. Харгӯшпарварӣ дар Хатлон.​ Дар вилояти Хатлон гуруҳе аз мардум бо кумаки Оҷонси Рушди БайнУлмилалии Амрико роҳи нави даромадро пайдо кардаанд. Он ҳам харгӯшпарварӣ аст, ки барои оилаҳои муҳтоҷ ҳам гӯшт меорад ва ҳам пул барои таҳсили бачаҳову дигар эҳтиёҷоти рӯзмарра. (видео)

- Нархҳо дар остонаи ид сокинонро ба танг овардааст. Мусалмонони Тоҷикистон ба таҷлили иди Рамазон омода мешаванд, ки ду рӯз баъд, 21-уми апрел фаро мерасад. Таҳияи дастурхони идона як бахши муҳими ид аст, ва рӯзи чоршанбе нархи бозор бисёр харидорони бозорҳои Душанберо нороҳат гузошт. (видео)

- Қонуни нави даъват ба артиши Русия чӣ оқибат дорад? Қонуни нави даъват ба сафи артиш дар Русия, ки раиси ҷумҳур Владимир Путин онро рӯзи 24-уми апрел имзо кард, фирору сарпечӣ аз хидмати ҳарбӣ дар Русияро тақрибан номумкин мекунад. Русия, ки дар ҷанг бо Украина талафоти зиёд медиҳад, дар ҷалби сарбозони нав ба артиш мушкил дорад. (видео)

- "Заданд, дастамро шикастанд." Донишҷӯи тоҷик аз милисаҳои рус шикоят дорад (видео)

- "Мактаби куҳна". Гузориш аз зодгоҳи Садриддин Айнӣ. ​Ҳукумати Бухоро барои обод кардани осорхонаи Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, пул дод. Тарҳ ба муносибати 145-солагии ӯ эълон шуд. Бо ин маблағ мактаби куҳнаи деҳаи Соктареро низ обод мекунанд. Хабарнигори Радиои Озодӣ ба зодгоҳи сардафтари адабиёти муосири тоҷик рафт ва ин гузоришро овард. (видео)

- ​Нурангез Рустамзода: Нагузоштанд, масҷидро навор гирем.​ Нурангез Рустамзода, хабарнигори бахши дарии "Садои Амрико" дар Тоҷикистон, шикоят кард, ки маъмурони милиса ба наворгирии ӯ дар масҷиди марказии Душанбе монеъ шуданд. Ҳодиса рӯзи 14-уми апрел рӯй додааст. (видео)

- Рақси сӯфиёнаи Анас.​ Дар Сурия дар моҳи Рамазон расм аст, ки мардум дар тарабхонаҳо ифтор кунанд ва шоми худро хуш бигзаронанд. Бахше аз ифтор дар баъзе ресторанҳо самоъ, ё рақси пайравони аҳли тасаввуф аст, ки онро василае барои расидан ба Ҳақ мешумориданд. Яке аз онҳое, ки рақсро иҷро мекунад, Анаси чаҳорсола аст. (видео)

- ​"Сарбозшикор"-и як ҷавони мубталои ВИЧ.​ Як ҷавони мубталои ВИЧ, вируси норасоии масунияти бадан, мегӯяд, се дафъа ӯро маҷбурӣ ба комиссариати ҳарбӣ бурда, танҳо баъд аз исботи беморияш дар ҳузури ҳама раҳо карданд. Як маъмури комиссариат гуфт, "дар пешонии ҷавонон чӣ бемор будани онҳо навишта нашудааст". (видео)

- "Пулам дидем, пир шудем дигар. Ба мо пул даркор нест". Бо наздиктар омадани фасли гармо дар Тоҷикистон иддае аз мардум барои сайру саёҳат омодагӣ мегиранд. Бо назардошти ин хабарнигори Радиои Озодӣ аз чанд раҳгузар дар Душанбе пурсид, ки дар зиндагӣ аз миёни се чиз кадомеро интихоб мекунанд: “Ишқу муҳаббат, сайру саёҳат ва ё пул” (видео)

- Ду милисаи қирғизро барои таҷовуз зиндонӣ карданд.​ Додгоҳи олии Қирғизистон, ба қазияи пурсарусадои таҷовузи як ноболиғ аз суйи милисахо нуқта гузошт. Ду милисаи собиқ, ки як духтари 13-соларо таҷовуз кардаанд, то ба 9 соли зиндон маҳкум шуданд. Ин ҳукм ҷомеа ва волидони ноболиғро, ки интизори эълони ҷазои сахт ба милисаҳо буданд, ҳайратзада кард. (видео)

- Чаро Озарбойҷону Тоҷикистон тиҷорати зиёд надоранд? ​Илҳом Алиев, президенти Озарбойҷон бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар Душанбе мулоқот карданд. Раҳбари Озарбойҷон бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон рафтааст. Мулоқот бо президенти Тоҷикистон, имзои чанд санад ва баргузории нишасти сармоягузорон аз барномаҳои сафари Алиев ба Душанбе буд. (видео)

- Додраси пешин айбномаи мақомотро рад кард. Муҳокимаи Рустам Саидаҳмадзода, додраси машҳур ба ҳукми сафед, дар Додгоҳи олии Тоҷикистон ба поён расид.Ӯро нӯҳ моҳ пеш дастгир ва ба қаллобӣ, нашри ахбори дурӯғ, баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ ва ғайриқонунӣ баровардани ҳукм муттаҳам карданд. Худаш иттиҳомҳоро рад кардааст. (видео)

- ​Ду мансабдор ба номуси духтарчаҳои ятим таҷовуз кардаанд.​ Ба ду мансабдори Узбекистон, ки ба таҷовузи чанд духтари як ятимхона айбдор мешаванд, ҷазои сахттарин талаб доранд. Гап сари қазияи ду сол пеш меравад, вале нав ҳамагонӣ шудааст. (видео)

- Доналд Трампро расман ба ҷиноят муттаҳам мекунанд.​ Қарор аст, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури собиқи Амрико, аз шаҳри Флорида ба Ню-Йорк биёяд, то ба ӯ иттиҳоми расмиро эълон кунанд. Доналд Трампро ба он муттаҳам мекунанд, ки бо як ҳунарпешаи филмҳои порнографӣ робитаи маҳрамона дошта, ба ӯ пул додааст, ки дар ин бора лаб накушояд. (видео)

- ​Бо аломати ҷамъ рост ба артиш.​ Дар Тоҷикистон ба гуфтаи мақомот даъвати ҷавонон ба сафи артиш босуръат идома дорад. Даъвати баҳории ҷавонон ба сафи артиш рӯзи 1-уми апрел оғоз ёфт. Айни замон аз гушаву канори Тоҷикистон аз шеваҳои аҷиби фиристодани ҷавонон ба артиш хабар мерасад. (видео)

- Дидбонгоҳҳои нав дар марзи Тоҷикистону Афғонистон. Чанд сол боз дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон сохтмони дидбонгоҳу қисмҳои марзбонӣ ҷараён дорад. Ҳоло дар ноҳияи Фархор чаҳор дидбонгоҳ месозанд. Ҳамаи ин ба чӣ маъност? Дар гузориш бинед. (видео)

- ​Гуфтугӯ бо Асад Гулзодаи Бухороӣ.​ Асад Гулзода, адиби шинохтаи тоҷик, яке аз ҷонибдорони эҳёи мактабҳои тоҷикӣ дар шаҳри Бухоро аст. Ӯ рӯзи якуми апрел 88-сола шуд. Навори пурраи суҳбатро дар инҷо бинед. (гулчин)

- Тавсияи профессори тоҷик ба рӯзадорон. "Хӯроки сахт, тунд (тез), боддор ва дорои моддаҳои зиёди кимиёӣ нахӯранд." Профессор Ҷаҳони Азонзод тавсияашро барои рӯзадорон дар Тоҷикистон ин гуна сар кард (видео)

- Мардикорон ба ҷойҳои корӣ таваҷҷуҳ надоранд. Чаро?
Дар назди яке аз мардикорбозорҳои Душанбе барои ним рӯз ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ташкил карданд. Дар он садҳо ҷойи кор пешкаши корҷӯён шуд. Мушоҳида нишон дод, ки ҳатто мардикороне, ки ҷойи кори аниқ надоранд, барои пайдо кардани кор ба ярмарка намерафтанд (видео)

- Гуфтугӯ бо Асад Гулзодаи Бухороӣ. Асад Гулзода, адиби шинохтаи тоҷик, яке аз ҷонибдорони эҳёи мактабҳои тоҷикӣ дар шаҳри Бухоро аст. Ӯ рӯзи якуми апрел 88-сола шуд. Навори пурраи суҳбатро дар инҷо бинед (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО!

XS
SM
MD
LG