Ссылки доступа

Дар шаҳри Тошканд иқдоми "Рӯзи бидуни мошин" баргузор мешавад


Рӯзи 28 апрел дар шаҳри Тошканди Узбекистон иқдоми "Рӯзи бидуни мошин" баргузор мешавад.

Дар ҳукумати шаҳри Тошканд гуфтанд, иқдоми "Рӯзи бидуни мошин" дар саросари дунё аз соли 1995 баргузор мегардад.

"Ин иқдом муҳим аст, аз як ҷониб ба сифати таблиғи тарзи ҳаёти солим миёни сокинон, аз ҷониби дигар ҳимоят аз устувории муҳити зист ва коҳиш додани партоби газҳои заҳрнок ба табиат", - омадааст дар хабари шаҳрдории Тошканд.

Бахшида ба он рӯз дар шаҳри Тошканд чанд чорабинӣ дар назар дошта шудааст.

XS
SM
MD
LG