Ссылки доступа

Сардори пешини раёсати амнияти шаҳри Алмато 6 сол зиндонӣ шуд


Додгоҳи ноҳияи Алмалини шаҳри Алматои Қазоқистон сардори пешини раёсати Кумитаи амнияти миллии Қазоқистонро бо айби берун рафтан аз салоҳиятҳои хизматӣ зиндонӣ кард.

Расонаҳои маҳаллӣ навиштанд, ки Нурлан Мажилов, сардори пешини раёсати амнияти Алмато 13 январи соли 2022 аз мақом барканор шуда буд.

Дар сомонаи додгоҳ омадааст, ки ин мақомдор 6 сол аз озодӣ ва аз рутбаи генерал-майор маҳрум шудааст.

Рӯзи 7 апрел додгоҳи Талдиқурғани Қазоқистон бо айни ҳамин айб сардори раёсати амнияти вилояти Алмато Собит Қурмоналиевро 6 сол зиндонӣ карда буд.

Баъди ҳодисаҳои январии соли 2022, ки дар ҷараёни онҳо 238 кас кушта шуд, мақомоти Қазоқистон дар ниҳодҳои қудратӣ тағйирот ҷорӣ карданд. Тағйирот мақомоти Қазоқистон, ба бовари коршиносон, нишон дод, ки эътимод нисбати Кумитаи амнияти миллӣ коста шудааст. Вазири пешини мудофиаи Қазоқистон Мурат Бектанов бо айби беамалӣ 12 сол зиндонӣ шуд. Додгоҳи шаҳри Остонаи Қазоқистон рӯзи 24 апрел раиси Кумитаи амнияти он кишвар Карим Масимовро 18 сол зиндон кард. Се муовини раиси амният аз 3 то 16 сол зиндонӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG