Ссылки доступа

Бештар аз 200 ҳазор узбекистонӣ соли гузашта дар Қирғизистон муваққатан сабти нома кардаанд


Жазгул Кийизбоева, муовини вазири рушди рақамии Қирғизистон гуфт, ки соли 2020 дар Қирғизистон 220 ҳазор узбекистонӣ муваққатан сабти ном кардаанд.

Афроде, ки дар Қирғизистон муваққатан сабти ном кардаанд, метавонанд давоми 60 рӯз дар он кишвар боқӣ монанд.

"Шаҳрвандони Узбекистон баъди убури марзи Қирғизистон давоми 5 рӯз бояд сабти ном кунанд. Соли гузашта Маркази хидматрасонии сокинон бештар аз 220 ҳазор узбекистониро сабти ном кардааст. Давоми се моҳи соли ҷорӣ 53 ҳазор шаҳрванди Узбекистон ба қайд гирифта шудааст", - хабар дод Кийизбоева.

Ба гуфтаи вай, узбекистониҳое, ки вориди Қирғизистон мешаванд, асосан дар бахши сохтмон кор мекунанд.

XS
SM
MD
LG