Ссылки доступа

Дар Қазоқистон талаб доранд, виза барои чиниҳо бекор нашавад


Сокинони шаҳри Жанаозени Қазоқистон бо нашри як изҳороти видеоӣ бори дигар талабҳои худро дар робита ба ҷойҳои кории доимӣ баён карданд.

Онҳо, аз ҷумла талаб доранд, ки дар корхонаи дорои шароити мукаммали корӣ ва маоши устувори муносиб бо кор таъмин карда шаванд. Ҳамчунин натиҷаҳои тафтиши фаъолияти ширкатҳои нафту гази Жанаозен расонаӣ ва ҷорӣ кардани низоми бидуни раводид ё виза бо Чин манъ шавад.

Расонаҳо ҳафтаи гузашта хабар доданд, ки баъди эътирози коргарон дар Жанаозен гуруҳи корие барои тафтиши фаъолияти корхонаҳо ба он шаҳр рафтааст. Дертар иттилоъ дода шуд, ки фаъолияти ширкатҳои "Озенмунайгаз" ва "БерАли Мангистау Company" санҷида мешавад.

Коргарони ин ширкатҳо 26 апрел гуфтанд, ки кори гуруҳи тафтишотӣ шаффоф нест. "Чаро онҳо раванди санҷишро сабт ва нашр намекунанд?! Чаро маълумот намедиҳанд? Шаффофӣ нест", - изҳор дошт яке аз коргарон Есенжан Абдураҳимов дар суҳбат бо бахши қазоқии Радиои Озодӣ.

Сокинони Жанаозен чандин бор аст, ки бо талаби ҷойи кори доимӣ тазоҳурот мекунанд. Як гуруҳи онҳо ҳатто бо ин талаб ба пойтахти Қазоқистон рафта, таҷаммуъ карда буданд.

XS
SM
MD
LG