Забоншинос Жийде Семёнова бо дархости додгоҳ санҷидааст, ки дар гузориши телевизиони "Настояшее Время", тарҳи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ нишонаҳои ангехтани бадбинии миллӣ ва таблиғи ҷанг вуҷуд дорад, ё не.
Семёнова дар додгоҳ гуфт, "дар гузориш нишонаҳои забонии дорои хусусияти манфӣ нисбат ба Қирғизистон вуҷуд доранд". Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки ошкор кардани ангехтани адовати миллӣ ва ё таблиғи ҷанг дар гузориш дар салоҳияти забоншинос нест ва ба он бояд баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.
"Гузориш хусусияти иттилоотӣ дорад ва муаллиф бо ҳар ду ҷониб суҳбат кардааст. Бинобар ин, забоншинос наметавонад дар он таблиғотро муайян кунад", - афзудааст Семёнова.
Вакилони дифои Радиои Озодӣ баъди шунидани суханҳои забоншинос дархост кардаанд, ки барои хаттӣ асоснок кардани мавқеи худ зидди мавқеи вазорат ба онҳо муҳлат дода шавад. Намояндагони вазорат дар навбати худ дархост карданд, қи талаби қатъи фаъолияти радио қонеъ карда шавад.
Мурофиаи навбатӣ 27 апрел баргузор мешавад.
Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон рӯзи 23-юми январи имсол аз Додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек дархост кард, фаъолияти "Азаттик Медиа" - бахши қирғизии Радиои Озодиро дар ин кишвар ҳамчун воситаи ахбори ом қатъ кунад.
Дар шикояти вазорат ба додгоҳ омадааст, "гузориши видеоӣ дар бораи марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон ҳазф карда нашудааст ва он ҳанӯз ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад".
Ҳукумати Қирғизистон рӯзи 24-уми октябри соли 2022 аз Радиои Озодӣ талаб кард, гузоришро комилан аз сомона бардорад, аммо қабул нашуд. Раҳбарияти Радиои Озодӣ гуфт, гузориш ба меъёр посухгӯст.
"ДемирБонк"-и Қирғизистон рӯзи 31-уми октябри соли гузашта суратҳисобҳои бонкии "Азаттик Медиа"-ро маҳдуд кард.