Ссылки доступа

Гузориш: Қазоқистон дар давр задани таҳримҳо ба Путин ёрӣ мерасонад


Бунёди "Муколамаи боз" дар Аврупо ва эътилофи ҳафт созмони ҳуқуқи башари Қазоқистон аз Ғарб даъват карданд, ки алайҳи як қатор мансабдорони қазоқ "барои кумак ба раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар давр задани маҳдудиятҳо" таҳрим ҷорӣ карда шавад.

Муаллифони гузориши "Баҳрабардорон аз ҷанги Русия зидди Украина. Чӣ гуна режими Назарбоев-Тоқаев ба Путин кумак мекунад”, ки 25 апрел нашр шуд, гуфтаанд, Қазоқистон бо вуҷуди эъломи пойбандии худ ба таҳримҳо, аз оғози ҳамла ба Украина ба Русия таҷҳизоти низомӣ ва маводи зарурӣ медиҳад.

Дар гузориш омори расмии Қазоқистон дар бораи тиҷорати хориҷӣ, ҳамчунин маводи расонаҳои ғарбӣ, арзёбии коршиносон ва гузоришҳои "инсайдерӣ" оварда шудааст.

"Қазоқистон соли 2022 ба Русия 11,5 тонна борут содир кардааст. Дар ҳоле ки соли 2021 ингуна содирот сурат нагирифтааст. Қазоқистон соли 2022 аз Фаронса 17,8 тонна борут ворид кардааст. Тахмин меравад, ки мақомоти Қазоқистон борути фронсавиро ба Русия дубора содир кардаанд", - гуфтааст президенти "Муколамаи боз" Людмила Козловска.

Ба гуфтаи муаллифон, содироти молҳои дигаре низ, ки фурӯши онҳо ба Москва манъ шудааст, дар соли 2022 аз Қазоқистон ба Русия афзоиш афзоиш ёфта, ҳаҷми маблағи онҳо ба 2 миллиарду 113 миллион доллар расидааст.

Мақомоти Қазоқистон то ҳол ба ин гузориш вокуниш накардаанд.

XS
SM
MD
LG