Ссылки доступа

Дар Туркия "Куллиёт" мухолифи узбек Муҳаммад Солеҳ нашр шуд


Асари 13-ҷилдаи сиёсатмадори мухолиф ва яке аз бузургтарин намояндагони назми узбек дар садаи 20 Муҳаммад Солеҳ дар шаҳри Истамбули Туркия аз чоп баромад.

Маҷмуа "Куллёт" ном дошта, дар он шеърҳои муаллиф, ки дар солҳои гуногун эҷод шудаанд, оварда шудааст. Ҳамчунин мавод ва матлабҳои навиштаи Муҳаммад Солеҳро дар бармегирад.

Шоир ва сиёсатмадор Муҳаммад Солеҳ рақиби асосии президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов дар интихоботи соли 1991 буд. Бино бар иттилои нозирон, вай дар интихоботи соли 1991 33 дарсади раъйи мардумро соҳиб шуда буд. Аммо дар соли 1993 вай маҷбур ба тарки Узбекистон шуд ва то ҳол дар табъид ба сар мебарад.

Муҳаммад Солеҳ, ки роҳбари "Ҳаракати мардумии Узбекистон" ва раиси ҳизби "Эрк" ҳам аст, соли 2001 дар фурудгоҳи шаҳри Прагаи ҷумҳурии Чех боздошт шуд. Аммо додгоҳи Прага бо назардошти сиёсӣ будани парванда, мухолифи ӯзбекро ба кишвараш истирдод накард.

Соли 2000 Додгоҳи олии Узбекистон ӯро ғоибона ба талоши тағйири сохти конститутсионии Узбекистон айбдор ва ба 15,5 соли ҳабс маҳкум кард. Ба ҷуз ин Муҳаммад Солеҳ дар ташкили таркиши соли 1999 дар шаҳри Тошканд низ айбдор шуд.

Аммо баъди сари қудрат омадани Шавкат Мирзиеёв мақомоти ин кишвар муносибаташонро нисбати мухолифон тағйир доданд. Аз ҷумла бародари Муҳаммад Солеҳ аз зиндон раҳо шуд.

Моҳи феврали соли ҷорӣ рушанфикрони Узбекистон дар як нома аз Мирзиёев дархост карданд, ки Солеҳро ба ватан баргардонад.

XS
SM
MD
LG