Бино ба қарори додгоҳ, сомонаи хабарии Sof.uz "Анорбонк"-ро беасос танқид ва ба "нуфузи касбии бонк" зиён расонидааст.
Ин бори аввал аст, ки дар Узбекистон расонаеро дар расонидани зарар ба муассисаи молӣ айбдор ва ҷаримаи ҳангуфт мекунанд.
Дар қарори додгоҳ омадааст, танқидҳои расонаҳо ба воқеият рост намеоянд ва боис шудаанд, ки бонк муштариҳояшро аз даст диҳад.
Рӯзҳои 14-15 октябри соли 2022 Sof.uz дар бораи "Анорбонк" чанд гузориш нашр кард.
Гузоришҳои мазкур, ба иддаои бонк, боис шудаанд, ки нуфузи бонк доғдор гардад.
Дар натиҷа бонк маҷбур шудааст, ки бо 9 оҷонсии таблиғотӣ бо маблағи 3,7 млрд сӯм шартнома бандад ва аз ин роҳ "нуфузи кории худро барқарор кунад".
Бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҷаримаи додгоҳро нисбати расона ҳамчун таҳдид ба озодии баён унвон карданд.