Ссылки доступа

Додгоҳи Қирғизистон фаъолияти бахши қирғизии Радиои Озодиро барҳам дод


A court session related to Azattyk Media
A court session related to Azattyk Media

Додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 27 апрел бо дархости вазорати фарҳанги он кишвар фаъолияти бахши қирғизии Радиои Озодиро барҳам дод.

Намояндагони "Азаттик Медиа" - бахши қирғизии Радиои Озодӣ тасмим доранд, ки ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят баранд.

Тимур Султонов, вакили мудофеи "Азаттик Медиа" гуфт, қарори додоҳ ба ин суол посух дод, ки дар Қирғизистон озодии баён риоя мешавад ё на. "Ҳангоми баҳс мо аз қонунгузорӣ ва Конститутсия далел овардем. Мутаассифона, додгоҳ моро нашунид. Ҳангоми баҳси тарафҳо дар додгоҳ ман гуфтам, қарори додгоҳ бояд нишон диҳад, ки шаҳрвандон ҳаққи гирифтан ва паҳн кардани иттилои ростинро доранд ё ин ҳақ танҳо шартан дар Конститутсия навишта шудааст. Қарори имрӯзӣ ба ин суолҳо посух дод", - гуфт Султонов.

Дирӯз, 26 апрел, дар додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек ҳангоми баррасии дархости Вазорати фарҳанги Қирғизистон барои қатъи фаъолияти бахши қирғизии Радиои Озодӣ ҳамчун воситаи ахбори ом суханони забоншинос шунида шуд.

Забоншинос Жийде Семёнова бо дархости додгоҳ санҷидааст, ки дар гузориши телевизиони "Настояшее Время", тарҳи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ нишонаҳои ангехтани бадбинии миллӣ ва таблиғи ҷанг вуҷуд дорад, ё не.

Семёнова дар додгоҳ гуфт, "дар гузориш нишонаҳои забонии дорои хусусияти манфӣ нисбат ба Қирғизистон вуҷуд доранд". Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки ошкор кардани ангехтани адовати миллӣ ва ё таблиғи ҷанг дар гузориш дар салоҳияти забоншинос нест ва ба он бояд баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.

"Гузориш хусусияти иттилоотӣ дорад ва муаллиф бо ҳар ду ҷониб суҳбат кардааст. Бинобар ин, забоншинос наметавонад дар он таблиғотро муайян кунад", - афзудааст Семёнова.

Вакилони дифои Радиои Озодӣ баъди шунидани суханҳои забоншинос дархост кардаанд, ки барои хаттӣ асоснок кардани мавқеи худ зидди мавқеи вазорат ба онҳо муҳлат дода шавад. Намояндагони вазорат дар навбати худ дархост карданд, қи талаби қатъи фаъолияти радио қонеъ карда шавад.

Мурофиаи навбатӣ 27 апрел баргузор мешавад.

Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон рӯзи 23-юми январи имсол аз Додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек дархост кард, фаъолияти "Азаттик Медиа" - бахши қирғизии Радиои Озодиро дар ин кишвар ҳамчун воситаи ахбори ом қатъ кунад.

Дар шикояти вазорат ба додгоҳ омадааст, "гузориши видеоӣ дар бораи марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон ҳазф карда нашудааст ва он ҳанӯз ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад".

Ҳукумати Қирғизистон рӯзи 24-уми октябри соли 2022 аз Радиои Озодӣ талаб кард, гузоришро комилан аз сомона бардорад, аммо қабул нашуд. Раҳбарияти Радиои Озодӣ гуфт, гузориш ба меъёр посухгӯст.​

"ДемирБонк"-и Қирғизистон рӯзи 31-уми октябри соли гузашта суратҳисобҳои бонкии "Азаттик Медиа"-ро маҳдуд кард.

XS
SM
MD
LG