Ссылки доступа

CPJ мақомоти қирғизро ба набастани Радиои Озодӣ даъват кард


Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон (CPJ) дар робита ба қарори додгоҳи Қирғизистон барои қатъи фаъолияти бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар он кишвар изҳори нигаронӣ кардааст.

"Бастани Радиои Озодӣ, яке аз маъруфтарину муътамадтарин манобеи хабарии Қирғизистон, ба расонаҳои мустақили ин кишвар як "сигнали сард" фиристода, саволҳои ҷиддиеро ҳам ба миён меорад, ки мақомоти қирғиз мехоҳанд давлати худро ба кадом самт пеш баранд", - гуфтааст ҳамоҳангсози барномаҳои кумита дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Гулноза Саид.

Вай аз мақомоти қирғиз даъват кардааст, ки ин қарорро фавран бекор кунанд ва ба фаъолияти сомонаи радио иҷозат диҳанд.

Президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Ҷейми Флай қарори додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Бишкекро барои бастани бахши қирғизии радио шарҳ дод.

"Радио аз болои қарори нафратовари додгоҳ шикоят хоҳад кард. Таърихи мо нишон додааст, вақте мардум мехоҳанд иттилои муътамадеро, ки аз сӯи ҳукумати кишвари худ сенсузра мешавад, дарёфт кунанд, роҳи дастрасӣ ба онро пайдо хоҳанд кард", - изҳор доштааст Флай.

Додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 27- уми апрел бо дархости вазорати фарҳанги он кишвар фаъолияти бахши қирғизии Радиои Озодиро барҳам дод.

Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон рӯзи 23-юми январи имсол аз Додгоҳи ноҳияи Ленин дархост карда буд, ки фаъолияти бахши қирғизии Радиои Озодиро дар ин кишвар ҳамчун воситаи ахбори ом қатъ кунад.

Дар шикояти вазорат ба додгоҳ зикр шудааст, ки "гузориши видеоӣ дар бораи муноқиша дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон ҳазф карда нашудааст ва он ҳанӯз ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад".

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ амали мақомоти қирғизро фишор ба озодии сухан номиданд.

XS
SM
MD
LG