Ссылки доступа

Шарикии Абдуқодир, шахси муттаҳам ба пулшӯӣ бо мақомоти Узбекистон


Хонаводаи Ҳабибулло Абдуқодир, соҳибкори уйғур, ки аз ӯ ба унвони созмондиҳандаи империяи қочоқи мол дар Осиёи Марказӣ ном мебаранд, бо ниҳодҳои давлатӣ ва наздикони президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ҳамкорӣ мекунад.

Абдуқодирҳо яке аз бузургтарин бозорҳо дар Осиёи Марказӣ -- бозори "Абусахӣ"-и шаҳри Тошкандро харидаанд ва ширкатҳои боркашонии онҳо "каналҳо"-еро, ки ба Узбекистон мол ворид мекунанд, назорат менамоянд.

Ширкати Абдуқодирҳо дар Узбекистон ду терминали нави гумрукиро идора мекунад ва эҳтимол дар тендерҳо барои бунёди чандин терминали дигар ҳам пирӯз шудааст.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар якҷоягӣ бо Маркази таҳқиқоти фасодкорӣ ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) ва сомонаи Kloop.kg қисмати дувуми таҳқиқоти рӯзноманигориро дар бораи ба хориҷ бурдани 700 миллион доллар аз Қирғизистон нашр карданд.

Соҳибкори чинӣ Айеркен Саймаитӣ, ки дар шаҳри Истамбули Туркия тирамоҳи соли 2019 кушта шуд, гуфта буд, Абдиқодир таҳти ҳимояти Раимбек Матраимов, муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон аз Чин ба Ӯзбекистон мол интиқол медод. Саймаитӣ ҳамчунин гуфта буд, ки на камтар аз 700 миллион доллари марбут ба Абдуқодирро аз Қирғизистон ба хориҷ бурдааст.

XS
SM
MD
LG