Ссылки доступа

Арабистони Саудӣ қариб 200 тан, аз ҷумла узбекистониҳоро аз Судон берун овардааст


Арабистони Саудӣ панҷ шаҳрванди худ ва 198 шаҳрванди даҳ кишвари дигарро аз Судон берун овардааст, ки онҷо ҷанг идома дорад. Ҳамаи ин шаҳрвандон рӯзи 26 апрел бо ҳавопаймо ба шаҳри Ҷиддаи Арабистон оварда шудаанд.

Ба иттилои хабаргузориҳои Арабистони Саудӣ, миёни шаҳрвандони хориҷӣ русиягиҳо, бритониҳо, чиноиҳо, амрикоиҳо, узбекистониҳо ва шаҳрвандони дигар кишварҳо ҳастанд.

Аз оғози даргириҳо, 15 апрел ба ин тараф Арабистони Саудӣ дар маҷмуъ 2351 касро аз Судон берун овардааст. 119 тани онҳо аз Арабистони Саудӣ, 2232 тани дигар аз 67 кишвари хориҷӣ.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад, ки дар даргирӣ дар Судон дар маҷмуъ 259 кас кушта ва бештар аз 1400 нафар маҷруҳ шудааст.

Дар Судон миёни артиши доимии он кишвар ва гуруҳи низомии "Неруҳои кӯмаки фаврӣ" низои мусаллаҳона идома дорад.

Моҳи апрели соли 2019 "Неруҳои кӯмаки фаврӣ" ва артиши Судон табаддулоти низомӣ анҷом доданд: он замон президенти Судон Омар ал-Башир, ки бештар аз 30 сол сари қудрат буд, ба истеъфо рафт ва низомиҳо гуфтанд, ки ҳукуматро соҳиб шудаанд.

XS
SM
MD
LG