Ссылки доступа

Мудири боздоштшудаи "Кумтор Голд Компани"-и Қирғизистон Тенгиз Болтурук ба ҳабси хонагӣ интиқол ёфт


Мудири пешини ширкати тилои "Кумтор Голд Компани"-и Қирғизистон Тенгиз Болтурук аз маҳбас ба ҳабси хонагӣ интиқол ёфт. Дар ин бора додгоҳи ноҳияи Октябри шаҳри Бишкек рӯзи 30 апрел қарор қабул кардааст.

Ба иттилои додгоҳ, додситонӣ дархости интиқоли ҳабси хонагиро кардааст.

Болтурук моҳи сентябри соли 2022 ба ҳабс гирифта шуда буд. Додгоҳ муҳлати ҳабси ӯро чанд маротиба тамдид кард. Тенгиз Болтурук мудири пешини ширкати "Кумтор Голд Компани" аст, ки ин ширкат кони тилои "Қумтор"-ро пештар дар ихтиёр дошт.

Тенгиз Болтурук ва Риспек Токтогулов, мудири молияи "Кумтор Голд Компани" 23 августи соли 2022 аз мақомҳояшон барканор шуда буданд. Ба иттилои Девони вазирони Қирғизистон, Палатаи ҳисоби он кишвар дар пайи як санҷиш дар ширкат қонуншиканиҳои молиро ошкор кардааст.

Пештар Додситонии кулли Қирғизистон хабар дода буд, ки масъулони ширкат дар асоси як нақшаи фасодолуд ба давлат ба маблағи тақрибан 1 миллиард сом зарар расондаанд.

Ширкати канадагии Centerra Gold Inc. тавассути ширкати фаръии "Кумтор Голд Компани" ба коркарди кони тилои Қумтори Қирғизистон машғул буд. Аз ин кон солона то 15-17 тона тило истихроҷ мешуд. Қирғизистон дар кон 26 дарсад саҳм дошт. Моҳи майи соли 2021 ҳукумати Қирғизистон идораи конро ба ихтиёр гирифт.

XS
SM
MD
LG