Ссылки доступа

Бештар аз сад ронандаи мошинҳои боркаш дар Қазоқистон эътироз доранд


Бештар аз сад ронандаи мошинҳои боркаш дар шоҳроҳи Актау-Жанаозени Қазоқистон эътироз доранд. Ронандагон аз гароншавии сӯзишворӣ норозиянд.

Дар ин эътироз ронандаҳо аз вилояти Мангистау ширкат доранд.

Ронандагон ба ҷуз аз норизоӣ аз гароншавии сӯзишворӣ ҳамчунин аз гаронии қимати маҳсулоти ғизоӣ, сатҳи баланди бекорӣ ва маоши кам норозӣ ҳастанд.

Расонаҳои қазоқистонӣ навиштанд, ки талаби асосии ронандагон баргардонии қимати пештараи маводи сӯхт аст.

Миёнаҳои моҳи апрел мақомоти Қазоқистон хабар доданд, ки маводи сӯхт - бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар он кишвар гарон хоҳад шуд. Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ба хотири пешгирӣ аз содироти зиёди маводи сӯхт кишварҳои ҳамсоя ва таъмини талаботи бозори дохилӣ ин тасмимро гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG